Пайвандҳои дастрасӣ

Набераи Назарбоев: Бобоям маро аз маводи мухаддир наҷот дод


Ойсултон Назарбоев дар Фесбук

Ойсултон Назарбоев, набераи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар Фейсбук ба таври ошкоро чи гуна ба маводи мухаддир муътод шуданашро нақл кард ва ҳамчунин гуфт, чи тавр бобояшу Xудованд ӯро аз ин бадбахтӣ наҷот доданд.

"Худоро шукр, ки тасмими дуруст гирифтам ва ба бобоям эътироф кардам. Агар президенти дигар мешуд, шояд дар ин гуна ҳолатҳо талош мекард, ин қазияро пинҳон дорад ё аз ӯ халос шавад. Вале Нурсултон Назарбоев ин корро накард. Ӯ ҳам бобову ҳам падари воқеӣ аст. Аввалин чизе, ки гуфт, ин буд: "Офарин, ки содиқ ҳастӣ. Бемории вазнин аст, аммо ту аввалину охирин нестӣ. Ту метавонӣ онро шикаст диҳӣ", - навишт Назарбоеви хурдӣ дар Фейсбук.

Ба гуфтаи Назарбоев, ӯ баъди марги бобои падариаш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия дар як ҳолати вазнини равонӣ қарор гирифт ва ба маводи мухаддир муътод шуд.

"Аз ҳаёт якбора ду зарбаи сахт хӯрдам. Ойсултони ҷавон он замон фишорхӯрдатарин одами саёра буд. Дар он ҳолат омода ҳастӣ, ки бе дасту пой бимонӣ, вале он дарди бераҳму шафқатро ҳис накунӣ. Бароям ин ҷанг -- мубориза бо худ хеле вазнин буд. Ё таслим мешавӣ ва ором мемирӣ ё тамоми нирӯи худро ҷамъ карда, барои зиндагӣ ва хушбахтӣ меҷангӣ. Як ҷиҳоди воқеии дохилӣ буд. Хушбахтона, рӯшноӣ дар баробари торикӣ ҳамеша ғалаба хоҳад кард", - афзудааст ӯ.

Ойсултон Назарбоев писари Роҳат Алиев ва Дариға Назарбоева, духтари президенти Қазоқистон буда, 27 сол дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG