Ойсултон Назарбоев, набераи 28-солаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, рӯзи 18-уми октябр бо ҷурми ҳамла ба корманди пулис Росса Сембрук дар Лондон шартан як сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Дар хабари додгоҳ гуфта мешавад, Назарбоеви хурдӣ рӯзи 5-уми июни имсол зери таъсири маводи мухаддир дар ноҳияи Ковент-Гарден ба пулис муқобилият нишон дода, дасти яке аз онҳоро газидааст. Ба хулосаи тафтишот, дар дасти афсари пулис из ё пайи газидаи ӯ боқист.
Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса, Назарбоеви хурдӣ аз айвони меҳмонхонаи International Park Plaza Hotel дар Лондон таҳдид карда буд, ки худро ба замина партофта, худкушӣ мекунад.
Додгоҳ Назарбоеви хурдиро муваззаф кардааст, ки худро аз вобастагӣ ба маводи мухаддир табобат кунад ва, инчунин, ҷарима супорад. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Бритониё навиштанд, масъалаи ихроҷи Ойсултон аз ин кишвар низ матраҳ аст.
Ойсултон Назарбоев писари Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон, хатмкардаи Академияи ҳарбии Сандҳерст аст.
Дар соли 2017 корманди Федератсияи футболи Қазоқистон буд. Ойсултон ҳамон сол эътироф кард, ки бо маводи мухаддир мушкил дорад ва ба қавли ӯ маҳз бобояш, Нурсултон Назарбоев ӯро аз ин дард наҷот додааст.
Вай гуфта буд, баъд аз марги бобояш академик Мухтор Алиев ва худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ба маводи мухаддир рӯ овард.