Додгоҳи ҳакамии ноҳияи Черемушкинскии шаҳри Маскав марди ҳамлагар ба шаҳрванди Тоҷикистонро гунаҳгор эътироф кард.
Сергей Тсареви 61-сола, ки дар як ҳодисаи ду соли пеш дар дохили метрои Маскав ба Сулаймон Саидов, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ карда буд, ба 10 соли се моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум мешавад. Додгоҳи ҳакамӣ, ки аз шаш нафар иборат буд, гуфт, ки марди ҳамлагар сазовори ҳукми сабуккунанда нест.
Ҳукми Тсарев рӯзи 4 август содир шуд. Мурофиаи додгоҳӣ мушаххас кард, ки дар ҳодисаи соли 2016 Тсарев аз тапончаи навъи «ОСА» ба ноҳияи сар ва бадани мусофири барои ӯ ношинос тир холӣ кард. Дар натиҷа, Саидов осебҳои мухталифи ҷисмонӣ гирифт ва ҳамчунин аз як чашмаш маҳрум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Тсарев ин ҳамларо дар ҳолати мастӣ анҷом додааст.
Мушкили ба ҷавобгарӣ кашидани Тсарев аз он ҷо шурӯъ шуд, ки бо як қарори додгоҳи шаҳри Маскав дар моҳи феврали соли 2017, омили ҳамлаи бераҳмона ба ҷавони тоҷик дар метрои Маскав “девона” унвон шуд ва аз ин сабаб додгоҳ хост, ки ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд.
Сергей Шишов, вакили дифои муҳоҷири тоҷик Сулаймон Саидов, рӯзи 26-уми феврали соли 2017 ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муҳокимаи додгоҳии рӯзи 17-уми феврал, даъвои онҳо дар бораи ба зиндон кашидани Сергей Тсарёвро қонеъ накард ва амр дод, ки ӯ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ монда, муолиҷа бигирад.
Сулаймон Саидов ва вакили дифоаш гуфтанд, ки Сергей Тсаревро ба додгоҳи шаҳрвандӣ кашида ва аз ӯ зарари моддиву маънавӣ ва хароҷоти муолиҷаи Сулаймонро талаб мекунанд. Ҳаҷми ҷуброн мумкин аст, садҳо ҳазор рубли русиро ташкил намояд.
Сулаймон Саидов, падари 5 фарзанд, дар паи ҳамлаи мусаллаҳона аз як чашмаш маҳрум шуд ва дар ҷои ин чашм протез гузоштаанд.
Сергей Тсарев рӯзи 8-уми апрели соли 2016 дар метрои шаҳри Маскав ба Сулаймон Саидов ва ҷияни ӯ дарафтода ва ба онҳо гуфтааст, ки дар Русия барои онҳо ҷой нест. Ба гуфтаи худи Сулаймон сипас дар дохили қатори метро аслиҳаи пневматикиашро кашида ва се дафъа ба сару рӯи ӯ тир андохтааст. Ба гуфтаи Сулаймон Сергей Тсарев маст буд ва ба маҳзи ворид шудан ба вагон, бо ҷияни ӯ Муҳаммадҷон Ҳакимов вориди моҷаро шуд, ва таҳдид кард, ки "баъд аз се дақиқа кушта мешавед ".
Ҳарчанд ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки ҳамла ба Сулаймон Саидов дар заминаи бегонаситезӣ ва нафрат ба миллати ғайр сурат гирифтааст, аммо ӯ танҳо “ба қасди куштор” муттаҳам мешавад. Ҳамла ба Сулаймон Саидов дар баҳори соли гузашта, дигарбора баҳсҳо дар бораи бегонаситезӣ дар Русияро барангехт.
Дар он замон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз давлати Русия хост, ки гунаҳкорро пайдо карда ва ҷазои сазовор диҳад. Дар Русия беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳамлаи миллатгароёну бегонаситезон ба онҳо кам нашудааст.
Ассалом алайкум. Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон дар дараҷаиолӣ вуҷуд дорад. Сардори аксарияти ташкилоту раёсатҳо аз тарафи ҷануби кишварамон мебошад. Таможня, бозор, милитсия, прокуратура, сэс, экология, госстандарт, коррупция, пожарникҳо, ночной клуб, тотализаторҳо, фоҳишахона, банк ва ғайра. Ҳайр нағз мешад ягон рӯз...
Масъаларо якҷониба муҳокима накунед, мӯҳтарам қонунгузор, Амали фаҳшо ду гунаҳкор дорад якто не ку
озоди чаро навиштахи моро чоп намекуни?
Сархади Чин - ин Девори Чинаст. Аммо давлати заиф ки шуди, бо мисли гусфанд мешави, ва аз диданат оби дахони гургони хамсоя чори мешава. Зуру тавоноии давлат - халк аст. Аммо барои он ки халк тавонашро зохир кунад барои у чизи бисёр лозим нест, танхо Рохбари Хирадманд лозим аст, то шарлити баробар барои хамаро мухаё кунад ва хар кас бовар дошта бошад, ки уро бо шиорхои баланд, суханхои дабдабанок, "оягдаи дурахшон" фиреб намедиханд. Чунин ба назар мнрасад, ки давлатдорони мо худ таърихро, чи хеле ки вазифаашонро намедонанд
Устод Сафаров Сайфулло харчанд аз махалли муайян хастанд, аммо махалгаро нестанд. У як шахсияти милли ва фарзонамард аст. Аммо Зафари Суфи дар Точикистон махал надорад. У аз Узбакистон аст. Назараш ба суйи Сугд аст. Бубинед, мегуяд махалбоз несту дар бораи Мухаммадзамони Солех ва Бахманёр мегуяд, ки нисбати онхо бехурмати шуд. Аммо дар бораи Мухаммадрахими Сайдари Гарми ва Искандари Хатлони лаб намекушояд. .Таксимоти вазифахо махалбози нест, балки ба хотири таъмини баробари дар миёни манотики кишвар аст. Махалдустдори дар миёни зодагони хама махалхо хаст. Касе махалдустдор нест, у одам нест. Вакте махали худро дуст намедори хеч касро дуст дошта наметавони. Ва табиист, ки як хаммахалатро бубини дилат гум мезанад. Махалгароиро хукумати имруз не, хукумати сохтаи Ленин ва хукумати хучандиву бухорои ба вучуд овард. Дар Бухорои шариф мансабдорон кухистонихо, яъне гармиву кулобиву дарвозиву масчохира дохунда мегуфтанд. Масхара мекарданд. Чуноне дар замони Хоча Камол самаркандихо махалгарои мекарданд. Ин самаркандигари бо хучанди то ба кай? мефармояд Камол. Махалгароиро баъдан элитаи хукмрони хучандихо дар пайрави бо самаркандихо ривоч доданд. Ба ёд биёред устод Бозор Собир чи гуфта буд: Аз Хоча Камолиддину аз Хучандаш, Хучандигари монд ба мову хучаинхо.