Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 25 нафар дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар Эрон. ВИДЕО


Дар натиҷаи ҳамла ба раҳпаймоии низомӣ дар шаҳри Аҳвози Эрон 25 нафар кушта шудаанд ва 53 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории расмии ИРНА навишт, ки дар ин ҳамла як зану як кӯдак ҳам ҷароҳат бардоштаанд.

Хабаргузории нимарасмии “Форс” гуфт, ки ду фарди мотосиклсавор, ки либоси хокӣ дар тан доштаанд, ҳамларо анҷом доданд. Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Аҳвоз, маркази вилояти Хузистон, яке аз вилоятҳои саршор аз захираҳои нафт дар Эрон аст ва дар гузашта шоҳиди ҳамлаҳои арабҳои ҷудоиталаб ба лулаҳои нафт шудааст. Қисмате аз аҳолии Хузистон арабҳо ҳастанд.

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Хабаргузории давлатии ИРНА бо такя ба "манобеи огоҳ" навишт, ки афроди мусаллаҳ, ки либоси низомӣ доштанд, дар шаҳри Аҳвоз ба маҳаллеро ҳадаф гирифтанд, ки мақомоти расмӣ барои тамошои маросими ёдоварӣ аз оғози ҷанги ҳаштсола бо Ироқ ҷамъ омада буданд. Ин ҷанг соли 1980 шуруъ шуд ва то соли 1988 идома кард.

Дар инҷо ба гуфтаи ИРНА, ғайринизомиён аз ҷумла кудакон занон ҳам ҷамъ омада буданд. Хабаргузорӣ нагуфтааст, ки оё дар байни қурбониён, аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳастанд, ё не.

Вале хабаргузории нимарасмии "Тасним" навишт, ки камаш 8 узви сипоҳ кушта шудаанд.

Ангушти иттиҳом ба сӯи Арабистони Саудӣ

Абулфазл Шикорчӣ, як сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, ки "Се террорист дар маҳалли ҳодиса кушта шудаанд ва чаҳорумӣ дар шифохона ҷон додааст."

ИРНА пештар хабар дод, ки ду муттаҳам ба ҳамла дастгир шудаанд. Видеое, ки матбуоти Эрон нашр кард, нишон медиҳад, ки сарбозон ҳангоми тирандозӣ ба самташон худро ба замин меандозанд.

Касе масъулияти ҳамларо бар душ нагирифтааст. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Твиттер навишт, ки ҳамлаварон "террористони зархариде будаанд, ки аз тарафи режими хориҷӣ тамрин дида ва мусаллаҳ шудаанд,

Ӯ кишварҳои минтақа ва "арбобони амрикоии" онҳоро ба ҳамла муттаҳам кард ва гуфт, Эрон "зуд ва муассир" ҷавоб медиҳад.

https://twitter.com/JZarif/status/1043411744314601472

Хабаргузории ИСНА аз қавли як сухангӯи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон навишт, ки ҳамла кори дасти ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ будааст.

Танишҳо байни Эрону Арабистони Саудӣ, ки бо ҳам хусумат доранд, дар солҳои гузашта авҷ гирифтааст. Ду кишвар дар ҷангҳои Сурияву Яман аз тарафҳои мухолиф ҳимоят мекунанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба мақомоти Эрон изҳори ҳамдардӣ карда ва гуфтааст, ки Маскав омодаи тақвияти ҳамкориҳо бо Эрон дар роҳи мубориза бо терроризм аст.

XS
SM
MD
LG