Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Русияро ба кӯшиши дахолат дар интихобот муттаҳам кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳида мақомоти Русияро ба кӯшиши гузоштани таъсир дар интихоботи имсолаи президентӣ дар Амрико муттаҳам кард.

Вазорати адлияи Амрико рӯзи 4-уми сентябр гуфт, Русия нақша дошт, ба воситаи якчанд расона ва торнамоҳои зери назорати Кремл, ки ҳадафашон гумроҳ кардани амрикоиҳо будааст, тарғиботи Русияро паҳн кунад.

Ба қавли намояндагони вазорат, Кремл расонаҳое ба монанди RT ва чандин пойгоҳи онлайниро барои гумроҳ намудани мардуми Амрико истифода кардааст.

Мерик Гарланд, вазири адлияи Амрико, гуфт: "Тавре дар айбномаи додситонӣ зикр шудааст, ҳалқаи дохилии президент Путин, аз ҷумла Сергей Кириенко, ширкатҳои иҷтимоиро ба дурӯғпароканӣ ва тарғиботи зери сарпарастии давлати Русия дар давраи интихоботи президентии соли 2024 сафарбар кардаанд."

Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида дар моҳи июл таъкид кард, ки телевизиони RT-и Русия талош дорад, дар интихоботи Амрико дахолат кунад.

Он замон вазорат гуфт, як корманди ин телевизион дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номҳои гуногуни амрикоӣ як ҳазор саҳифа сохта, хабарҳои дурӯғу ғаразмандонаи зери назари Кремлро нашр, паҳн ва гуё чун шаҳрвандони Амрико таблиғ кардааст.

Ба ин тартиб, ИМА 32 домейни интернетиро, ки ба истилоҳ "пропагандаи Русияро пеш мебурданд", бастааст. Ба гуфти раиси Хадамоти кашфи Амрико ё FBI Кристофер Рей ин расонаву домейнҳо бо дастури ҳукумати Русия мардуми амрикоро фиреб мекарданд.

XS
SM
MD
LG