Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty шиканҷаро "одати қадима"-и Қазоқистон номид


Amnesty International ё Aфви Байналмилал раисиҷумҳури Қазоқистонро дар махфӣ нигаҳ доштани далелҳои шиканҷа ва истифодаи нерӯи аз ҳад беш аз сӯи кормандони полис айбдор намуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Нурсултон Назарбоев хостанд, ки ба тафтиши мустақилонаи Байналмилалии ҳаводиси Жанаозен иҷоза диҳад. Онҳо ҳамчунин хостаанд, ки сарвари Қазоқистон ваъдаи се сол пеш ба СММ додааш дар бораи аз беху бун баркандани шиканҷаро иҷро кунад.

Ҳаводиси Жанаозен як саҳифаи фоҷиабор ва ҳанӯз ҳам нимарӯшан дар таърихи муосири Қазоқистон боқӣ мемонад. Моҳи декабри соли 2011 пулис дар шаҳри Жанаозен, воқеъ дар вилояти ғарбии Мангистау, ҳангоми пароканда кардани тазоҳуроти коргарони норозии ширкати нафт сӯи онҳо аз силоҳ оташ кушод. 15 нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон дода, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Он рӯзҳо навори видеоӣ дар бораи куштор дар Жанаозен оламро такон дода буд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ,садҳо нафар аз ширкаткунандагони тазоҳурот боздошт ва шиканҷа шуданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Дэвид Диаз-Ҷоҷез, муовини раиси барномаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Афви Байналмилал, дар шарҳи гузориши “Одати қадима: истифодаи шиканҷа ба дигар бадрафториҳо дар Қазоқистон” мегӯяд, талаби онҳо барои баргузории тафтиши мустақилонаи Байналмилалӣ ба он хотир аст, ки суолҳои зиёде дар робита ба он ҳаводис то ҳол беҷавоб мондаанд. “Бар пояи иттилое, ки Додситонии кулли Қазоқистон пешниҳод кардаст, тақрибан 16 нафар бо иттиҳоми ташкили хушунат боздошт шудаанд ва беш аз 130 нафар барои ширкат дар бенизомиҳои густурдаи оммавӣ. Аммо дар рӯйхати расмӣ, ки дар шӯъбаи полиси Жанаозен ҳамон рӯз тартиб дода шудааст, номи тақрибан 700 нафари баъди бархӯрдҳо дастгиршуда оварда шудааст, вале мо инро тайид карда наметавонем. Ба ҳамин сабаб мо хостори тафтиши пурраи ҳаводиси Жанаозен шудаем," - мегӯяд Дэвид Диаз-Ҷоҷез.


Ёдгории қурбониёни Жанаозен
Ёдгории қурбониёни Жанаозен
Ӯ меафзояд, ки кормандони Афви Байналмилал дар Жанаозен бо далелҳои зиёди шиканҷа ва бадрафторӣ ошно шуданд. Боздоштшудаҳо шаҳодат додаанд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтанд, кормандони полис онҳоро лучу урён карданд дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво дар боздоштгоҳи шӯъбаи полис хело сард буд. Зиёда аз ин, ба бадани онҳо оби сард мепошиданд.

Корманди масъули Афви Байналмилал мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам чанд нафари гумонбар дар ҳаводиси Жанаозен, аз ҷумла, Роза Тулетаева дар маҳбасанд ва аммо далели идомаи шиканҷаи онҳо мавҷуд нест. Ӯ изҳороти мақомоти Қазоқистон дар бораи пурра тафтиш шудани ҳаводиси Жанаозенро зери суол бурда мегӯяд, агар воқеъан чунин мебуд, ниёзе барои тафтиши мустақилонаи Байналмилалӣ намемонд.

Мақомоти Остона мегӯянд, ки гунаҳкорони асосии ҳаводиси Жанаозен маҳкум ба зиндон шудаанд. Аз ҷумла, додгоҳ собиқ муовини волии вилояти ғарбии Мангистау Амонгелдӣ Айтқуловро барои сӯиистифода аз мансаб ва ришвахорӣ ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Айтқулов баъди бархӯрди коргарони соҳаи нафти шаҳри Жанаозен бо полис ҳабс шуда буд. Як идда мансабдорони маҳаллии Жанаозен дар иртибот бо дуздии пули коргарони ширкатҳои нафт зиндонӣ шуданд.

Моҳи сентябри соли гузашта раиси шаҳри Жанаозен Орақ Сарбопеев ҳам барои сӯиистифода аз вазифа барои 10 сол равонаи зиндон шуд. Раиси пештараи ин шаҳр Жалгас Бобохонов ҳам бо ҷурми дуздии пули коргарони ширкати нафт ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Ба гуфтаи Дэвид Диаз-Ҷоҷез, гузориши нави Афви Байналмилал фақат рӯи хунрезӣ дар Жанаозен тамаркуз накардааст. Ӯ мегӯяд, дар маҳбасҳои Қазоқистон мушкил на шиканҷа ва бадрафторӣ, балки бештар нақз ва маҳдудсозии ҳуқуқҳои маҳбусон аст.


Арон Атобек
Арон Атобек
Дар гузориши Aфви Байналмилал аз шоири дигарандеши қазоқ Арон Атобек ёдоварӣ шудааст, ки дуву ним сол боз дар ҳуҷраи алоҳидаи зиндон ва дар шароити сангин қарор дорад. “Мо мавзӯи маҳдудсозии ҳуқуқҳои зиндониёнро ба миён гузоштем, ки бояд мутобиқ ба меъёрҳои Байналмилалӣ бошад, меафзояд корманди масъули Афви Байналмилал, аз ҷумла, ба бештари онҳо иҷозаи дидорбинӣ бо пайвандонашон дода намешавад,” - гуфт Диаз -Ҷоҷез. Ба гуфтаи ӯ, яке аз маҳбусон Жасулан Сулаймонов, ки гирифтори маризии фалаҷ ва дар курсии маъюбӣ аст, муддати тулонӣ дар ҳуҷраи алоҳида ва бидуни назорати табибон монда буд.
XS
SM
MD
LG