Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жанаозен. Таҳқиқи амалкарди пулис


Додситонии кулли Қазоқистон ба таҳқиқи мавридҳои сӯъиистифодаи пулис аз мақом дар ҷараёни ошӯбҳои Жанаозен пардохтааст.

Шурӯъи таҳқиқоти нав ҳамзамон бо боздошти даҳҳо фаъол барои бозҷӯӣ ва таъйини нақши онҳо дар ошӯби Жанаозен эълон шуд.

Нурдавлат Суиндиқов, сухангӯи додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ҳадаф аз таҳқиқот маълум кардани мавридҳоест, ки гуфта мешавад, нирӯҳои пулис аз марзи ваколати худ берун рафта, болои эътирозгарон бо қасди куштани онҳо тир кушодаанд. Баъди ошӯби хунини Жанаозен, ки дар рӯзи таҷлил аз солгарди 20-уми истиқлоли Қазоқистон рух дод, пулис гуфт, ки маъмуронаш аз силоҳ фақат ба замин ва ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳо дар Жанаозен дастикам 16 нафар кушта ва наздики 100 тан, бо шумули 17 афсари пулис, захмӣ шуданд. Ин дар ҳолест, ки манобеъи дигар шумори эҳтимолии қурбониён дар ошӯби Жанаозенро хеле бештар аз омори расмӣ рақам мезананд.

Нурдавлат Суиндиқов овардани “исмҳои мушаххас” дар иртикоби ин парвандаро пеш аз вақт хонд ва гуфт, муфаттишон ҳанӯз мунтазири натоиҷи ташхисҳои додгоҳианд. Ӯ афзуд, “тирҳо низ мавриди ташхис қарор мегиранд, то маълум шавад, ки аз кадом навъи тир ва аз кадом навъи силоҳ кор бурдаанд.”

Наворҳои нашршуда дар Интернет ҳокист, ки нирӯҳои пулис дар ҷараёни даргириҳо мустақиман алайҳи тазоҳургарон тир кушода, захмиёни бесилоҳро боз ҳам таъқибу латукӯб мекунанд. Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар аввали ҳафта хабар дод, ки пулис манзилеро, ки яке аз наворҳоро аз тирезаи он бардошта, бо номи мустаор дар Интернет гузошта буданд, аллакай шиносоӣ карда ва дар пайи сокинони ин манзил афтодааст.

Интерфакс хабар дод, ки рӯзи 28 декабр додситони шаҳри Жанаозен хабарнигорони сомонаи маҳаллии "StanTV"-ро барои бозҷӯӣ даъват карда, аз онҳо хостааст, то нусхаҳои тамоми наворҳои дар ҷараёни ошӯбҳо бардоштаашонро ба мақомот бисупоранд.

Навори нави видеоӣ аз ошӯбҳои рӯзи 16-уми декабри Жанаозен
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
Линки мустақим

Мақомот мегӯянд, наворҳои дар он рӯз бардоштаи ниҳодҳои амниятӣ низ таҳти таҳқиқ қарор дорад, вале таҳқиқоти нави додситонӣ нахустин мавридест, ки мақомоти Қазоқистон дар мазҳари омм истифодаи силоҳи оташфишон аз сӯи пулисро эътироф мекунанд.

Аммо додситонии кулл мегӯяд, ки ин на ҳатман ба маънои ба дӯши пулис гузоштани масъулияти тамоми қатлҳост. Сухангӯи ин идора Нурдавлат Суиндиқов гуфт, “барои мисол, падари яке аз кушташудаҳо – Атоберген Дукесенов мегӯяд, ки писари ӯро авбошон куштаанд. “

Мақомоти қазоқ дирӯз ҳамчунин хабар доданд, ки дар робита ба ошӯбҳо дар Жанаозен, беш аз 20 фаъоли мухолифин низ боздошт шудаанд. Ба навиштаи Интерфакс, баъзеи онҳо ба ғорату сӯзондани амвол айбдор мешаванд.

Коргарони нафт дар Жанаозен ва қисматҳои дигари вилояти нафтхези Мангистави Қазоқистон бо талаби маоши хубтару шароити беҳтари кор аз моҳи май ба ин сӯ эътироз доштанд. Ширкати давлатии “Қазмунайгаз” дар пай шумори зиёде аз ин эътирозгаронро барканор кард.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки ҳафтаи гузашта аз ин гӯшаи дурафтодаи кишвараш дидан кард, масъулони бахши энержӣ ва мақомоти маҳаллиро айбдор кард, ки натавонистанд ба талаботи коргарони нафт саривақт бирасанд.

Ӯ баъди ошӯби Жанаозен домоди пурнуфузаш Темур Қулибоевро аз раёсати сандуқи давлатии “Самрук-Хазина”, ки тақрибан ҳама тиҷоратҳои умда, бо шумули ширкатҳои нафту гази Қазоқистонро дар назорат дошт, барканор кард.

Бо фармони Назарбоев, раҳбари “Қазмунайгаз” ва ҳокими вилояти Мангистав низ сабукдӯш шуданд. Умурзоқ Шуқеев, раиси куммиссиюни вижаи давлатӣ, ки бо ҳадафи эҳёи назму тартибот дар Жанаозен ташкил шудааст, ду рӯз пеш эълон кард, ки қуюди шабгардии барои 20 рӯз ҷоришуда дар ин шаҳр шояд тамдид шавад. Вале оқои Шуқеев нагуфт, ки то кай?
XS
SM
MD
LG