Рӯзи душанбе хабарнигори маҳаллии «Стан-ТВ» Жулдиз Толеуова ба Додситонии вилояти Мангистав даъват шуд. Вай аз тафсилоти гуфтугӯи дусоата дар додситонӣ худдорӣ мекунад ва мегӯяд, бо ризоияти тарафайн тасмим гирифта шуд, мӯҳтавои сӯҳбат пинҳон бимонад. Фақат гуфта шудааст, ки додситонӣ аз хабарҳои «Стан-ТВ» дар бораи рӯйдодҳои Жанаозен норозист. Намояндаи додситонӣ Серик Караманов гуфтааст, маҳз дар рӯзи 16-уми декабр дар Жанаозен пайдо шудани хабарнигорон ба як пурсиши муҳим табдил ёфтааст.Толеуова мегӯяд, гурӯҳи наворбардори «Стан-ТВ» ҳанӯз аз 26-уми май дар Жанаозен ба сар мебурд.
Хабарнигори Бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Казис Тогузбаев, ки якҷо бо наворбардори «Стан-ТВ» Виктор Гудз ҳангоми сӯҳбати Толеуова дар додситонӣ ҳозир буд, аз тарафи кормандони полис таҳдид шуд, ки ба таври ғайриқонунӣ наворбардорӣ кардааст. Полис гуфтааст, ҳама гуна наворбардорӣ танҳо бо иҷозаи коменданти шаҳр мумкин аст. Додситонии Жанаозен эълом доштааст, ки ҳамаи хабарнигорон, ки рӯйдодҳои 16-уми декабрро дидаанд, ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ хоҳанд шуд.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар