Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории Муҷтабо Патанг ба иллати фасод ва бесуботӣ


Ғулом Муҷтабо Патанг
Ғулом Муҷтабо Патанг

Парлумони Афғонистон вазири дохилии ин кишвар Ғулом Муҷтабо Патангро барои беамниятӣ дар кишвар ва фасодкорӣ дар вазоратхонааш аз мақом барканор кард.

Раиси Вулусӣ Ҷирга Абдулрауф Иброҳимӣ гуфт, онҳо акнун аз президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дархост мекунанд, ки ба ҷои Ғулом Муҷтабо Патанг номзади дигарро барои ин мақом пешниҳод кунад. Аммо ҳоло мушаххас нест, ки Карзай ин қарори парлумонро, ки дар пасманзари талошҳои маъмурияти ӯ барои таъмини амният дар ростои интихоботи президентӣ ва хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон анҷом мешавад, қабул мекунад ё хайр. Ӯ дар гузашта тавонист баъзе аъзои кобинаашро, ки порлумон барканор карда буд, дар мақомҳояшон нигаҳ дорад.

Муҷтабо Патанг, ки дар ин ҷаласаи тӯфонии порлумон иштирок дошт, мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Навоб Мангал, як узви порлумон Патангро дар бесуботии кишвар муттаҳам кард ва гуфт, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон дар давраи раҳбарии Патанг бадтар шуд.

Патанг афсари ҳирфаии пулис аст, ки аз тарафи пуштибонҳои ғарбии Карзай хуб пазируфта мешавад. Ӯ иттиҳоми фасодро қотеъона рад ва як идда намояндагони парлумонро ба ин муттаҳам кард, ки ба хотири дарёфти иҷозаи доштани силоҳи вазнин ба ӯ фишор меоваранд. Муҷтабо Патанг гуфт, ҳатто баъзе ноибони ӯ дар вазорат бар алайҳаш таблиғот бурдаанд ва ба намояндагони порлумон пул додаанд, ки ӯро аз мақом барканор кунанд.


Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ
Ғулом Муҷтабо Патанг ҳамагӣ дар моҳи сентябри соли 2012 дар ивази Бисмилоҳхон Муҳаммадӣ ба мақоми вазири умури дохилаи Афғонистон омад. Иллати барканории Бисмиллоҳхон, ки аз афроди наздик ба фармондеҳи фақиди Эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор меравад, дар моҳи августи соли 2012 низ ҳамин нокомиҳо дар амри таъмини субот дар Афғонистон буд.
Бисмиллоҳхон ва вазири вақти дифоъ Абдулраҳим Вардак аз сӯи парлумон ба далели нокомиҳои амниятӣ, бахусус дар мавриди ҷилавгирӣ аз мушакборонҳои фаромарзии Покистон ба вилояти шарқии Кунар, ки мояи таниши навбатӣ байни Кобулу Исломобод шуда буд ,салби салоҳият шуданд.

Ҳомиди Карзай дар як соли пеш таҳти фишори парлумон бо Вардак видоъ гуфт, вале дар мавриди Бисмиллоҳхон тан дар надод ва ҳамагӣ моҳе баъд ӯро ҷои Вардак ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ кард. Дар як соли пеш ҳамин тавр, тамоми вазирони амниятии Афғонистон, аз ҷумла вазири сарҳадот ва раиси амнияти миллиаш иваз шуда буд.

Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Ҳомиди Карзай оё дар мавриди Патанг низ чун дар мисоли Бисмиллоҳхон ба ҳифзи ӯ дар мақом пойфишорӣ хоҳад кард, ё Афғонистон дар ҳамагӣ як соли боқимонда то хуруҷи нирӯҳои эътилоф соҳиби боз як раҳбари нави пулис хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG