Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай пешниҳод кард, Бисмиллоҳхон вазири дифоъ бошад


Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири пешини умури дохилии Афғонистон.
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири пешини умури дохилии Афғонистон.

Ҳомид Карзай номзадҳо ба вазоратхонаҳои дифоъву умури дохилӣ, сарҳадот ва раёсати амнияти миллиро пешбарӣ кард.

Аз ҷумла генерал Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ки моҳе пеш тавассути эълони нобоварии парлумон аз мақоми вазири умури дохила барканор шуда буд, ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ шудааст. Ин номзадҳо имрӯз ба Вулусӣ Ҷирга ироа шуда, таъйиноташон танҳо баъди таъйиди парлумон такмил хоҳад шуд.

Ҳомиди Карзай Бисмиллоҳхон Муҳаммадиро ба симати вазири дифоъ, муовини вазири дохила Ғулом Муҷтабо Патангро ба мақоми вазири умури дохила, вазири собиқи сарҳадоту қабоил Асадуллоҳ Холидро ба раҳбарии раёсати амнияти миллӣ ва волии собиқи Кобул Ҳоҷӣ Азизуллоҳ Динмуҳаммадро ба симати вазири сарҳадот таъйин кардааст.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ки аз пайвандони фармондеҳи фақиди Эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъуд аст, дар вазорати дифоъ ҷойгузини Абдулраҳими Вардак хоҳад шуд. Вулусӣ Ҷирга дар моҳи август генералҳо Бисмиллоҳхон ва Вардакро ба далели нокомиҳои амниятӣ, бахусус дар мавриди ҷилавгирӣ аз мушакборонҳои фаромарзии Покистон ба вилояти шарқии Кунар, ки мояи таниши
Раҳматуллоҳ Набил, раҳбари пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон.
Раҳматуллоҳ Набил, раҳбари пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон.
навбатӣ байни Кобулу Исломобод шуд, салби салоҳият карда буд. Аммо Раҳматуллоҳ Набил аз мақоми раҳбари раёсати амнияти миллӣ дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби худи Ҳомиди Карзай сабукдӯш шуд.

Муаррифии номзадҳо ба ин вазоратхонаҳои калидии амниятии давлати Афғонистон дар маҳофили ин кишвар баҳсҳоеро эҷод кард, ки шеваи маслиҳатҳо ҳамчунон як асли умдаи сиёсати кадрии давлати Карзай боқӣ мемонад. Аммо Рафӣ Фирдавс, сухангӯи идораи умури ҳукумати Афғонистон дар посух гуфт: “Ин тағйирот як тағйироти оддӣ дар раванди тағйири ҳукумат аст ва дар он аз ҳеҷ маслиҳате кор гирифта нашудааст. Дар мавриди ин тағйирот машвараҳои лозим ва дидгоҳҳои касоне ки зарурат дошт, ахз шудааст, вале бар бунёди тасмими мушаххаси раисиҷумҳур истодааст ин тағйирот.”

Эҳтимоли пешбарии ин 4 нафар ба ин 4 курсии калидӣ ҳанӯз аз ҳафтаи гузашта вирди забонҳо шуда, ҳамчунин гуфта мешуд, ки Карзай шояд раиси дафтараш Карим Хуррамро ба мақоми раиси куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон биорад. Ин мақом дар пешорӯи интихоботи соли 2014 аҳамияти фавқулодда касб мекунад, чунки то он замон ҳарду давраи мумкини раёсати Карзай хатм шуда, ба ақидаи нозирон, барои ӯву атрофиёнаш масъалаи таҳвили қудрат ба як нафари “худӣ” ҳаётӣ хоҳад шуд. Аммо Аймал Файзӣ, сухангӯи Карзай мегӯяд, пешбарии Хуррам ба дафтари интихобот матраҳ нест:

Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон
Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон
“Муттааассифона, бархе аз ҳалақоти сиёсӣ назар ба нуфузе ки дар бархе расонаҳои дохилӣ доранд, овозаҳову шоеъоти ғалатеро бо ин расонаҳо шарик месозанд. Ва баъзе расонаҳои мо ҳам масъулияти иҷтимоии худро дарк намекунанд ва ин овозаҳоро хабар гуфта, ба нашр мерасонанд. Мавзӯъи интисоби раиси дафтари раёсатҷумҳурӣ Карими Хуррам ба куммиссиюни интихобот комилан як хабари беасос аст.”

Номзадии Бисмиллоҳхон, Холид, Патанг ва Динмуҳаммад ба 4 вазорати калидӣ танҳо баъди касби раъйи эътимоди парлумон ниҳоӣ хоҳад шуд. Ва суол ин аст, ки оё вакилони маҷлис ин номзадҳоро хоҳанд пазируфт ё на? Бахусус дар ҳоле ки моҳе пеш ҳамин парлумон ба яке аз онҳо - Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ –изҳори нобоварӣ кард? Абдулсаттор Хавосӣ – муншии аввали Вулусӣ Ҷирга ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Дар робита ба инки чӣ қадар шонси барандагӣ доранд ё на, ба назари ман, пешдоварӣ ҳанӯз қабл аз вақт аст. Хуб аст, ки тасмимро худи Вулусӣ Ҷирга мегирад. Ва ин тасмим метавонад ҳам мусбат бошад ва ҳам манфӣ.”

Пешбарии номзадҳо ба вазоратхонаҳои муҳими амниятии Афғонистон дар ҳолест ки вазъи амниятӣ дар ин кишвари ҷангзада дар ин авохир рӯ ба вахомат оварда, ҳамлаҳои мушакии Покистон ба вилояти Кунар, ки иллати барканории Вардаку Бисмиллоҳхон шуда буд, то ҳол идома дорад. Аз сӯи дигар, ин таъйиноти калидӣ дар ҳолест, ки хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон бояд то 2 соли дигар анҷом шуда, дар ин муддат масъулиятҳои амниятӣ дар саросари Афғонистон аз нирӯҳои хориҷӣ ба нирӯҳои маҳаллӣ вогузор шавад. Рафӣ Фирдавс, сухангӯи идораи умури ҳукумати Афғонистон гуфт, ин 4 номзад рӯзи душанбе ба Вулусӣ Ҷирга муаррифӣ мешаванд, вале раванди тасвиби онҳо шояд як ё ду рӯзи дигарро дар бар бигирад.
XS
SM
MD
LG