Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаи Зол ҳаммарз бо Тоҷикистон аз Толибон озод шуд. САДО


Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки минтақаи Қалъаи Золи вилояти Кундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон, аз тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон озод карда шуд. Ин минтақа рӯзи 6 май ба дасти Толибон афтода буд.

Маҳфузуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи фармондеҳии умумии пулиси зонаи 808-и Спинзар дар минтақаи шимол-шарқи Афғонистон, субҳи 16 май ба расонаҳо гуфт, ки нирӯҳои давлатӣ ба ҳадафи бозпасгирии Оқина -- маркази ноҳияи Қалъаи Зол амалиёти густурдаеро таҳти номи "Помир-5", роҳандозӣ карданд. Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи ин амалиёт, соатҳои тақрибан 9-и ҳамин рӯз маркази Қалъаи Золро аз Толибон бозпас гирифтанд.

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, минтақаи Қалъаи Золи вилояти Кундуз ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аз тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон озод карда шуд.

Вай гуфт, "нирӯҳои муштараки давлатӣ соати 6-и субҳи имрӯз амалиёти поксозӣ ба ҳадафи бозпасгирии ноҳияи Қалъаи Золро роҳандозӣ карданд ва дар натиҷа тавонистанд маркази вулусволӣ ва бозори Оқинаро дубора тасарруф кунанд ва амалиёт ҳанӯз ҳам ба шиддат ҷараён дорад."

Маҳфузуллоҳ Акбарӣ афзуд, ки нерӯҳои давлатӣ дар ҳоли пешравӣ ҳастанд. Аммо ӯ дар мавриди талафоти нерӯҳои давлатӣ ва Толибон чизе нагуфт. Ҷангҷӯёни Толибон ин вулусволии бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундузи Афғонистонро ҳудуди ду ҳафта қабл тасарруф карда буданд. Масъулони амниятӣ он замон иллати суқути ин вулусволиро "нарасидани нерӯҳои кӯмакрасон" унвон карда буданд.

Қалъаи Зол ҳаммарз бо Тоҷикистон аз Толибон озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00
Линки мустақим

Дар вилояти Кундузи Афғонистон, бино ба оморҳо, ҳудуди 1 миллион нафар ба сар мебаранд, ки 70 дар садашро тоҷикҳо, 15 дар садашро узбакҳо ва 13 дар садашро паштуҳо ташкил медиҳанд. Ин вилоят бо ноҳияҳои Панҷу Дӯстӣ (Қумсангир) ва Шаҳритӯси водии Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Як қисмати марзи Кундуз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҷойгир шудааст. Пас аз суқути Қалъаи Зол ба дасти Толибон, садҳо хонавода аз ин минтақа фирор намуда ва ба вилояти ҳамҷавори Тахор ва маркази вилоят шаҳри Кундуз, паноҳ бурданд.

Бозпасгирии минтақаи Қалъаи Золи вилояти Кундуз аз тасарруфи Толибон дар ҳолест, ки авохири ҳафтаи гузашта нерӯҳои давлатии Афғонистон тавонистанд, ки вулусволии муҳим ва стратегии Зебок дар вилояти Бадахшонро аз тасарруфи ҷангиёни гурӯҳи Толибон озод созанд. Зебок рӯзи 28 апрел ба чанги ҷангиёни гурӯҳи Толибон афтода буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд. Минтақаҳои шимоли Афғонистон дар чанд соли ахир саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии афғон ва гурӯҳи Толибон мебошад. Дар ҳоли ҳозир чандин минтақа дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон, дар ихтиёри гурӯҳи Толибон қарор доранд.

XS
SM
MD
LG