Пайвандҳои дастрасӣ

Як минтақаи дигар дар марз бо Тоҷикистон ба дасти Толибон афтодааст


Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазири дифои Афғонистон гуфт, ки дар вулусволии Қалъаи Зол даргирии шадид идома дорад

Ҷангҷӯёни Толибон як вулусволиро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундузи Афғонистон ишғол кардаанд. Қалъаи Зол дар наздикии марз бо вилояти Хатлон ҷойгир аст. Асадуллоҳ Содот, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, 6 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “Толибони мусаллаҳ субҳи ҷумъа ба Оқтеппа – маркази Қалъаи Зол – ҳамла карда, рӯзи шанбе ҳамаи муассисаҳоро ба таври комил таҳти назорат гирифтанд.”

Як қисмати марзи Кундуз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҷойгир шудааст.

Содот иллати суқути ин вулусволиро “нарасидани нирӯҳои кумакрасон” унвон кард. Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки ҷанги шадид дар вулусволии Қалъаи Зол идома дорад, аммо дар мавриди суқути ин вулусволӣ то ҳанӯз чизе гуфта наметавонад. Мақомоти амниятии Кундуз ҳозир нашуданд, ки вазъиятро шарҳ диҳанд. Маҳбубуллоҳ Саидӣ, вулусволи Қалъаи Зол, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даргирӣ миёни нирӯҳои давлатӣ ва Толибони мусаллаҳ ҷараён дорад. Сокинони маҳал мегӯянд, Толибон рӯзи гузашта бозори Оқтеппаи Қалъаи Золро тасарруф карданд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон
Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, дар тамос бо расонаҳо гуфтааст, Қалъаи Золро ба таври комил тасарруф карданд. Қалъаи Зол тобистони соли гузашта низ дар пайи як ҳамлаи Толибон тасарруф шуда, баъдан аз сӯи нирӯҳои давлатии Афғонистон аз ҷангҷӯён пок гардид.

Дар вилояти Кундузи Афғонистон, бино ба оморҳо, ҳудуди 1 миллион нафар ба сар мебаранд, ки 70 дар садашро тоҷикҳо, 15 дар садашро узбакҳо ва 13 дар садашро паштуҳо ташкил медиҳанд. Ин вилоят бо ноҳияҳои Панҷу Дӯстӣ (Қумсангир) ва Шаҳритӯси водии Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Як қисмати марзи Кундуз бо Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ҷойгир шудааст.

Вилояти Кундуз
Вилояти Кундуз

Як ҳафта пеш мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки маркази Зебок, як минтақаи вилояти Бадахшон, ҳаммарз бо Тоҷикистон ба дасти гурӯҳи Толибон афтод. Сокинони Зебок мегӯянд, 28 апрел гурӯҳи Толибон аз чанд тараф ба маркази ин ноҳия ҳуҷум карданд ва дар натиҷа баъд аз зӯҳри ҳамон рӯз, он ба дасти ҷангиёни ин гурӯҳ гузашт. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, суқути ин минтақа бинобар адами ҳамоҳангии нерӯҳои давлатӣ иттифоқ афтодааст.

Бо шурӯи ҷангҳо дар наздиктарин нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти тоҷик ҳам гуфтанд, ки барои таъмини амнияти марз тамоми чораҳо андешида шудааст.

Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон
Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон

Масъулони нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 5 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вазъи минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон зери назорат аст. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ гуфт, то ба ҳол ягон таҳдид ва ё кӯшиши убури ғайриқонунии марз ба қайд гирифта нашудааст ва, ҳамчунин, гулӯла ё тирҳои он тараф ба хоки Тоҷикистон наафтодаанд.

Рӯзи ҷумъа Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои афғонаш Муҳаммад Ашрафғанӣ “вазъи ноором” дар Афғонистон, бахусус шимоли ин кишварро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти президент гуфт, ки ҷониби Афғонистон ба Душанбе барои ироаи кумак ва доруву дармони баъзе нирӯҳои захмии афғон сипосгузорӣ кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд. Минтақаҳои шимоли Афғонистон дар чанд соли ахир саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии афғон ва гурӯҳи Толибон мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG