Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин зани халабони афғон аз Амрико паноҳандагӣ хост. ВИДЕО


Мақомоти Афғонистон умедворӣ кардаанд, ки Амрико дархости паноҳандагии нахустин зани халабон дар нерӯҳои артиши он кишвар Нилуфар Раҳмониро намепазирад. Нашрияи The New-York Times рӯзи ҷумъаи 23 декабр хабар дод, ки Нилуфар Раҳмонӣ пас аз анҷоми як давраи омӯзишӣ дар Амрико, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст.

Вазорати дифои Афғонистон дар вокуниш ба ин амали Нилуфар Раҳмонӣ гуфтааст, ки бастани камарбанди низомӣ нишонаи шуҷоат буда ва шикоят аз таҳдид ва чолишҳо, зебандаи дар шаъни як афсар намебошад.

Нилуфар Раҳмонӣ гуфтааст, ки дар Афғонистон ҳама чиз дар ҳоли бадтар шудан буда ва зиндагии вай бо таҳдид рӯбарӯ аст.

Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи ин вазорат рӯзи 25 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳои ҳавоии он кишвар амнтарин макон барои иҷрои вазифа барои занон мебошад. Оқои Родманиш дар хатар будани зиндагии Нилуфар Раҳмониро дар Афғонистон баҳонае барои дарёфти паноҳандӣ донистааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши The New York Times Нилуфар Раҳмонӣ ҳафтаи гузашта пас аз поёни давраи омӯзишиаш дар Амрико, дархости паноҳандагӣ кардааст. Ба нақл аз ин рӯзнома, хонум Раҳмонӣ гуфтааст, ки дар Афғонистон ҳама чиз дар ҳоли бадтар шудан буда ва зиндагии вай дар ин кишвар бо таҳдид рӯбарӯ аст.

Сафия Фирӯзӣ, дувумин халабонзан ва ҳамкори Нилуфар Раҳмонӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин амалкарди ҳамкасби худро нодуруст хонда ва гуфтааст, ки "ҳудуди шаш сол мешавад, ки дар нерӯҳои ҳавоӣ кор мекунам. На таҳдид шудаам ва на бадрафторӣ дидаам. Барои мо масраф мекунанд. Аз хуни миллат ва аз хуни шаҳидон болои мо сармоягузорӣ мекунанд. Вақте мо ба ҷое мерасем, ба шарофати ҳамин мардум аст. Вай ҳеҷ кори хуб накардааст."

НАВОРИ ПАРВОЗИ САФИЯ ФИРӮЗӢ

​Ин танҳо Нилуфар Раҳмонӣ нест, ки пас аз поёни давраи омӯзишиаш дар хориҷ, дархости паноҳандагӣ кардааст. Бар асоси гузоришҳо, шуморае аз кормандони низомӣ ва ғайрнизомӣ, дипломатҳо, хабарнигорон ва варзишгарону донишҷӯён пас аз сафарҳои расмӣ, анҷоми вазифа ва ё давраи омӯзишии худ, ба Афғонистон барнагаштаанд. Бар асоси маълумоти вазорати дифои Афғонистон, ҳамакнун беш аз 1580 зан дар ин вазорат кор мекунанд ва маоши хуб ба даст меоранд.

Нилуфар Раҳмон дар сини 18-солагӣ ва пас аз хондани эълон дар ВАО ҷиҳати кор дар нерӯҳои ҳавоии афғон, ба ин нерӯҳо пайваст. Ӯ соли 2012 давраи омӯзиши халабониро дар Амрико сипарӣ намуд ва аввалин парвозҳои худро анҷом додааст. Нилуфар Раҳмонӣ -- нахустин зани халабон дар нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, дар соли 2015 барандаи ҷоизаи байналмалилаии "Зани шуҷоъ-2015" аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико шуда буд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG