Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз муҳоҷират то халабонӣ. Сафия бо Толибон меҷангад. ВИДЕО


Капитан Сафия Фирӯзӣ, ки замоне паноҳанда буд, ба ватанаш Афғонистон баргашт, то ҳавопаймои борбарро халабонӣ кунад. Ӯ ба кишвараш дар мубориза бо ҷангҷӯёни Толибон кумак мекунад ва айни замон урфу одатҳои қадимӣ дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистонро мешиканад.

Барои парвоз ӯ роҳи тулониеро тай кардааст. Соли 1990 дар авҷи ҷанги тоқатфарсои дохилӣ аз Кобул ба урдугоҳи паноҳандагон ба Покистон рафт. Баъд аз рондани Толибон аз ҳукумат дар соли 2001 ба кишвараш баргашт ва мактабро хатм кард. Сафияи 26-сола дувумин халабони зан дар Афғонистон аст, ки дар ҷанги артиш ба зидди Толибон кумак мекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Халабондухтари афғон ба зидди Толибон меҷангад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Роҳи Сафия ба кабинаи ҳавопаймо аз мактаби олӣ шурӯъ шуд. Паёми тарғиботии ҳукумат барои хидмат дар артишро дар телевизион дид ва ба академияи низомӣ омад. Бояд афсари мухобирот мешуд, вале имтиҳони сахтеро гузашт ва халабон интихоб гардид.

Сафия ҳамсарашро дар Академияи низомӣ пайдо кард. Бо капитан Муҳаммад Ҷавод Наҷафӣ ошиқи ҳам шуданд ва соли гузашта фарзанди аввал ба дунё омад. Пас аз тавваллуд ба кор баргашт.

Артиши Афғонистон ба ҷойи нерӯҳои хориҷии таҳти раҳбарии Амрико масъулияти таъмини амнияти қаламравҳои бештарро ба даст мегирад ва қасд дорад, 10 дарсади артиш дар оянда аз ҳисоби занон пур шавад. Ҳоло панҷ зани дигар дар академия халабонӣ меомӯзанд. Ҳамаи онҳо пешқадамони Афғонистони нав ҳастанд ва ҳамаашон роҳи парвози капитан Сафия Фирӯзиро пеш гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG