Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Афғонистон гуфт, 15 ҷангҷӯи тоҷикро дар Бадахшон куштааст


Мақомоти интизомӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вилояти Бадахшон 15 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи Толибон кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дурустии ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дивизияи 209-уми Шоҳин, воқеъ дар шимоли Афғонистон, рӯзи 16-уми январ дар саҳифаи Фейсбуки худ хабар дод, ки дар амалиёти ҳавоии нерӯҳои афғон дар дараи Хастак ё Хустаки ноҳияи Ҷурм 15 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 11 нафари дигари онҳо захмӣ шудаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ин афрод бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои ҷангии навъи A29 ба ҳалокат расиданд. Дар хабар гуфта нашудааст, ин амалиёт кай роҳандозӣ шудааст. Аммо манбаъ аз амалиёти густардаи ин воҳиди низомӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Афғонистон дар манотиқи мухталифи шимоли Афғонистон хабар додааст.

Дар Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин робита худдорӣ карданд. Аммо як манбаъ дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, минтақае, ки дар он нирӯҳои афғон амалиёт анҷом додаанд, аз марзи Тоҷикистон дуртар воқеъ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, "мувофиқи тартибот, ҳамакнун ҷониби Афғонистон хабарро ба ниҳодҳои вобастаи Тоҷикистон ирсол менамояд ва сипас ҷузъиёти он ироа хоҳад шуд".

Бори аввал нест, ки мақомоти афғон аз кушта шудани ҷангҷӯёни тоҷик дар дараи Хустаки вулусволии Ҷирм хабар медиҳанд. Дар баҳори соли 2015 низ ҳафт зодаи Тоҷикистон дар даргириҳои дараи Хастаки минтақаи Ҷирм кушта шуда буданд.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Бадахшон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Бадахшон.

Пеш аз ин масъулони маҳаллӣ дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни хориҷӣ хонаводаҳояшонро низ ба бархе аз нукоти Бадахшон интиқол додаанд. Бино ба иттилои мақомоти Бадахшони Афғонистон, дар вулусволии Ҷирм ба истиснои толибони маҳаллӣ ситезаҷӯёни тоҷику узбаку чечен ва арабу покистонӣ ҳам фаъолият доранд, ки аз Чатроли Покистон ворид шудаанд. Бархе мақомоти афғон он замон шумораи ҷангиёни хориҷӣ фақат дар дараи Хастаки волусволии Ҷурмро аз 200 то 400 нафар тахмин зада буданд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо буда ва даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон сурат гирифтааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG