Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллимаи мактаб барои қатли ҳамсоя дар додгоҳ посух медиҳад


Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуз ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои муаллимаи мактаб Дилбар Мигнороваи 29-сола оғоз кардааст, ки дар куштори як ва маҷрӯҳ кардани зани дигаре гумонбар мешавад.

Аз замони содир шудани ҷиноят – моҳи июл то имрӯз тафтишот ба хулосае омадааст, ки бояд ҳамчунин ҳамсари муаллима Шавкат Норматов ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ота-оча” гуфта гиря мекунанд, кӯдакҳои хурдсол ҳастанд. Мо онҳоро парасторӣ мекунем. Апаам зани ҳамсояро задааст. Мегӯянд, язнаам Шавкат низ онҷо буду ба чӯбу каланд задааст, вале худаш мегӯяд, ки “ҳеҷ коре накардам”.

Парвандаи ин ҳамсаронро додгоҳи ноҳияи Шаҳритуз баррасӣ мекунад. Рӯзи 10 сентябр як масъули ин додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишон баъди таҳқиқи мӯшикофона ба хулосае омаданд, ки моҷарои хунини рӯзи 8 июли имсол дар деҳаи Султонободи ҷамоати деҳоти Пахтакор бо иштироки ҳамсари муаллима бар сари баҳси замин рух додааст.

Ба ҳамсарон мӯҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Фоҷеа дар ҳавлии муаллима

Таърихчаи баҳси ҳамсояҳо инак чор сол боз идома дошт. Ҳамсояи муаллимаи мактаби рақами 14-и ноҳияи Шаҳритуз Насиба Ҳусейнова рӯзи 8 июл ҳамроҳ бо модар ва хоҳараш ба хонаи Дилбар Мигнорова мераванд. Тафтишот мегӯяд, ки гӯё нияти муросо кардан бо ҳамсоя ба баҳсу моҷаро печид. Муаллима гӯё ба тани Насиба Ҳусейнова ва модараш Гулнора Ҳусейнова чанд корд задааст. Дар натиҷа, модари ҳамсоя дар бемористон ҷон дод.

Аз додситонии ноҳияи Шаҳритуз гуфтанд, ки муаллима ва ҳамсари ӯ бар асоси моддаҳои “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон муҳокима мешавад. Як масъули дигари мақомоти интизомӣ гуфт, ки баҳси ҳамсояҳо сари замин аз буридани шохи дарахтони якдигар шурӯъ шуд ва баъди баҳсҳои чорсола бо фоҷеа анҷомид.

Ба иттилои наздикони ҳарду ҷониб, муаллима дар баробари кор дар мактаб ба умеди замини кишташ зиндагӣ мекард. Соҳиби 30 сотих замин буда, дар он памидор, картошка ва бодиринг парвариш мекард. Вале шохи дарахтони ҳамсоя болои кишти памидору сабзавоти ӯро соя карда, ҳосилашро осеб мерасонидааст. Дар ҷамоат ҳам гуфтанд, ки талоши Мигнорова барои буридани шохи дарахт боиси моҷароҳои пайваста мешуд.

"Фарзандонашон ятим мешаванд"

Набӣ Мигноров, бародари муаллима, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳари калониаш ҷиноят содир кард. Айни замон ӯ аз ҳамсари хоҳараш ба ҳайси инсони хуб ва меҳрубон ситоиш кар два гуфт, ки баъди боздошт ва ҳабси онҳо се фарзанди онҳо дарбадар мешаванд. Набӣ Мигноров гуфт, ки фарзандони апааш – як духтар ва ду писар хурдсол ҳастанд, 2 то 6 сол доранд ва маҳрум шудани онҳо аз падару модар фоҷеаи наве ба дунбол хоҳад дошт. Ӯ гуфт:

"Ота-оча” гуфта гиря мекунанд, кӯдакҳои хурдсол ҳастанд. Мо онҳоро парасторӣ мекунем. Апаам зани ҳамсояро задааст. Мегӯянд, язнаам Шавкат низ онҷо буду ба чӯбу каланд задааст, вале худаш мегӯяд, ки “ҳеҷ коре накардам”. Язнаам инсони хуб аст. Онҳоро чанд рӯзи пеш хабар гирифтам. Сиҳат ҳастанд, вале мегӯяд, ки махкамашон мекунад. Апаам мегӯяд, ки пушаймон шудааст, вале зиёд суҳбат намекунем".

Наздикони ин муаллима мегӯяд, ки онҳо аз баҳси ҳамсояҳо хабар доштанд, вале дахолат намекарданд. Насиба Ҳусейнова, ҳамсояи муаллима, ки дар ин қазия ҷабрдида аст, гуфт, намехоҳад дар бораи он чи ки гузашт, сӯҳбат кунад.

"Мактаб ҳам маҳкум кард"

Дилбар Мигнорова собиқаи 8-солаи кор дар мактаби рақами 14-и деҳаи Султонободро дошт ва ба синфҳои ибтидоӣ дарс медод. Иброҳим Ниёзов, мудири мактаб гуфт, ки ҷинояти содиркардаи муаллима тамоми шогирдонро ба ҳайрат гузошт, ки шахсан ӯ ба мақомот тавсиянома додааст: “Дар тавсиянома муаллимаро гуфтам, ки ӯ кори бад карда, ҳато сарзанишу танбеҳ додем, хеле корӣ бад кард."

Бархе дигар нафарон, ки аз фоҷеа дар деҳаи Султонобод огоҳ ҳастанд, мегӯянд, агар муаллима даромади пулии кофӣ медошту ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷ надошт, эҳсоси хашму асабонияташ то ба дараҷаи куштор намерасид. “Ин як моҷарои иҷтимоист, - гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки нахост номаш нашр шавад. – Омӯзгоре, ки бо маълумоти олӣ маҷбур аст бо 100 доллар дар моҳ оилаашро таъмин кунад, ноумед ва хашин мешавад ва ин ҳолат боиси сар задани фоҷеаҳои мисли ин мегардад”.

Баҳси ҳамсоядорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки асосан сари тақсимоти замин ва дарахту обкашонӣ сар мезанад, кам нест. Маъмултарини ин баҳсҳо, ки гоҳо ба додгоҳ мераванд, бештар барои тақсими ноодилонаи замин сар мезананд аст.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ, манзил ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG