Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз дар Истаравшан аз чӣ фавтид ?


Зуҳурҷон Юлдошев
Зуҳурҷон Юлдошев

Марги як сарбоз дар яке аз қисмҳои марзбонӣ дар Истаравшан, наздикони ӯро дар ноҳияи Ашт дар ҳолати шок ва ҳайрат қарор додааст.

Марги Зуҳурҷон Юлдошев, сарбози як қисми ҳарбӣ дар Истаравшан волидайни ӯро дар ҳоли шок гузоштааст, ки агар фарзандашон дар ҳақиқат, ба гуфтаи мақомот, аз “бемории кӯҳнаи дил” фавтида бошад, чаро ӯро бо ин ҳол ба хидмати ҳарбӣ бурдаву тӯли 1 сол нигоҳ доштаанд.

Ҷисми беҷони Зуҳурҷон Юлдошев, сарбози як қисми низомии марзбонӣ дар ноҳияи Истаравшанро, ба гуфтаи пайвандонаш субҳи рӯзи гузаштаи 9-уми сентябр дар деҳаи Лаби Дарёи ноҳияи Ашт ба дасти волидайнаш супурдаанд. Далер Аъзамов, писарамаки Зуҳурҷон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷанозаи ин сарбози фавтидаро афсару ҳамхизматон ҳамроҳи намояндагони мақомоти ноҳияву ҷамоат ба хонаи волидайнаш овардаанд:

“Амакамро дар миёна гирифта гуфтанд, ки писаратон аз беморӣ вафот кард. Як ҳамхизматаш нақл кард, ки вақти наздик ба хӯроки шом бо Зуҳурҷон телевизор тамошо мекардаанд. Вақти хестан гуфтааст, ки сараш чарх мезанад, он рафиқаш вайро доштааст, ки наафтад. Баъд ба беморхона бурдаанд ва он ҷо ҷон додааст. Кори шудагӣ ҳамин гуфтанд, вай аз ҷое нағалтидааст, касе ҳам вайро назадааст. Ҳаминро гуфтанду рафтанд. ”

Ба гуфтаи мусоҳибам, вале дидани осори хун ва шикофтану дӯхтан дар бадани сарбози фавтида вақти шустушӯ, пайвандони ӯро дар гумону шубҳа гузоштааст, ки агар вай аз беморӣ фавтида бошад, оё ин ҳама нишонаи чист?

“Ҷасади ӯро ба хона дароварда дидем, ки пушти сараш аз қисми чап дароз кӯк зада дӯхтагӣ, дар шикамаш ҳам каме ҷойи дӯхтагӣ ҳаст. Гӯшу даҳанаш хунолуд. Дар диламон шакку шубҳа пайдо шуд, ки вай аз ҷое афтода осеб дида ё аз лату кӯб мурда бошад? Амакам гуфтанд, ки сабаби марги фарзандашонро, ки сиҳат гуфта ба хидмати ҳарбӣ бурдану акнун мурдаашро оварданд, аз мақомот мепурсанд.“

Ба гуфтаи мусоҳибам, пешниҳод нашудани санаде дар бораи марги Зуҳурҷон Юлдошев ба аҳли оилааш аз ҷониби мақомот, шубҳаи пайвандони ӯро дар мавриди бо марги марги табиӣ аз дунё рафтани вай бештар кардааст. Онҳо мегӯянд, агар вай дар ҳақиқат “бемории куҳнаи дил” дошт, чаро ӯро ба хидмат бурданд, агар не, аз чӣ фавтид?

Ба гуфтаи пайвандонаш, Зуҳурҷон Юлдошев -- сокини 23-солаи деҳаи Лаби Дарёи ҷамоати Ориёни ноҳияи Ашт тирамоҳи соли 2013 ба хидмати ҳарбӣ рафта буд. То он замон пайвандонаш дар ӯ нишонаи бемории дилро мушоҳида накарда буданд. Ин ки вай тахминан 2 моҳ пеш бо рухсатии кӯтоҳмуддат ба зодгоҳаш, ба аёдати аҳли оилааш рафта будааст, баёнгари он ки хидмати ҳарбиро хуб адо мекард.

Вале фармондеҳи қисми ҳарбии 2857 дар Истаравшан, ки ному насаби худро муаррифӣ накард ва Зуҳурҷон Юлдошев он ҷо адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ мекард, мегӯяд, дар мавриди “аз беморӣ” фавтидани ин сарбоз набояд ҷойи шакку шубҳа бошад. Вай дар мавриди шикофтани косахонаи сару синаи Юлдошев афзуд, ки ин амали ҳатмиро баъди ҷон додани вай дар беморхонаи марказии Истаравшан, дар ҳузури намояндагони додситонӣ ва додгоҳи ҳарбӣ анҷом додаанд:

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар дасти прокуратураи ҳарбӣ ҳаст. Онҳо ҳозир буданд ва ин ҷо ҳеҷ ҷои шакку шубҳа набояд бошад. Як хеши ӯ (Зуҳурҷон Юлдошев) ҳам дар ноҳияаш духтури коршиноси судиву тиббӣ шуда кор мекардааст, вай ҳам аз ин бохабар аст.”

Мусоҳибам дар мавриди ин, ки чаро сарбози бемор ба сафи артиш ҷалб шудаву тӯли қариб 1 сол адои хидмати ҳарбӣ мекард, гуфт, ки фиристодани даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ба комиссариати низомӣ дахл дорад.

Оё чӣ тавр як ҷавони гирифтор ба бемории дилро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карданд ва фақат баъди 1 сол, рӯзи марги сарбози бемор донистанд, ки вай гирифтори ин бемории ҷиддӣ буд?

Аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт ба далели он, ки сардорашон имрӯз дар ҷои кор ҳузур надорад, аз посух ба ин савол худдорӣ карданд. Вале як корманди масъули ин ниҳод бидуни зикри номаш фақат гуфт, ки масъулони қисми ҳарбии сарбоз Зуҳурҷон Юлдошев дар бораи бемории вай, ки сабаби фавташ шудааст, ҳанӯз санаде пешниҳод накардааст. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди вай, ҳама даъватшавандагон пеш аз фиристодан ба хидмати ҳарбӣ, ҳатман аз муоинаи тиббӣ мегузаранд .

Дилафрӯз Самадова, вакили дифоъ дар созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, дар қазияи марги сарбоз Юлдошев, агар дарвоқеъ ба волидонаш санади фавти ӯро надода бошанд, аз аввал муқаррароти қонун аз ҷониби масъулон риоят нашудааст: “Агар сарбозе ногаҳон фавтад, прокуратураи ҳарбӣ ташхиси тиббӣ мегузаронад. Ва масъулони ташхис дар асоси он шаҳодатномаи фавт медиҳанд, ки дар он кай ва ба чӣ сабаб фавтидани сарбоз сабт шудааст. Ва нусхаи он шаҳодатномаро вақти додани ҷасад ба волидайни сарбоз бояд диҳанд.”

Ба гуфтаи хонум Самадова, дар ин ҳол боз ҳам саволҳое бепосух мондааст, ки агар сарбоз Юлдошев аз бемории дил фавтида бошад, чӣ тавр ӯро бо чунин беморӣ ба сафи артиш ҷалб карда буданд ва тӯли як сол адои хидмати ҳарб мекард. Агар дар қисми ҳарбӣ бемор шуда бошад, чаро танҳо баъди маргаш бохабар шуданд ? Ин саволҳоест, ки пайвандони Зуҳурҷон Юлдошев низ мегӯянд, ба онҳо аз масъулон посух нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG