Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар даъво дорад, писарашро табибон ба ВИЧ мубтало кардаанд


Ташхиси кӯдакон дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ
Ташхиси кӯдакон дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ

Як сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ) иддао дорад, ки писари 13-солааш ҳангоми муолиҷа дар яке аз шифохонаҳои вилояти Хатлон ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ мубтало шудааст.

Ӯ аз муфаттишони досдитонӣ хостааст, ки қазияро баррасӣ ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Намояндагони идораи тандурустии вилояти Хатлон иддаои мардро бепоя донистанд, вале айни замон гуфтанд, ки мунтазири натиҷаҳои таҳқиқи додситонӣ мемонанд.

Ин мард, ки бо далели ҳассос будани мавзуъ дар ҷомеа ному насабаш махфӣ дошта мешавад, рӯзи 6-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, моҳе пеш ташхиси хуни писараш мубтало будани ӯро ба вируси норасоии масунияти бадан ошкор кард.

Ташхис мард ва ҳамсарашро солим нишон додааст ва аз ин рӯ, вай даъво дорад, ки писараш ҳангоми муолиҷа дар яке аз бемористонҳои Хатлон ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудааст.

“Соли 2015 дар беморхонаи марказии вилоят аз зардпарвин табобат гирифта буд. Соли гузашта ҳам чанд бор табобат кардем. Чанд моҳи ахир аз хӯрдан монд. Дар беморхонаи ноҳиявӣ маълум карданд, ки гирифтори вирус шудааст. Ҳамаи мо солим ҳастем, пас, вирус дар беморхонаҳо ба писарам сироят кардааст”, -- иддао кард ӯ.

Дар қонунҳои Тоҷикистон барои мубтало кардани шахс ба вируси норасоии масунияти бадан ҷавобгарӣ пешбинӣ кардаанд. Бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, “дониста гирифтор кардан ба ВИЧ” аз ду то панҷ сол ҷазо дорад.

Дар додситонии ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, ки аризаи мард таҳқиқ мешавад, аммо дар чунин ҳолат исбот кардани ин ки ноболиғ кай ва дар чӣ шароите мубтало ёфтааст, мушкил аст.

Миралӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт, аз шикояти сокини ноҳияи Дӯстӣ хабар надорад, аммо фикр намекунад, ки писари ӯ дар шифохона ба ВИЧ мубтало шудааст.

Ӯ гуфт: “Инро тафтишот маълум мекунад. Кормандони мо хуб медонанд, ки аз бемориҳои сироятӣ чӣ хел эҳтиёт кунанд. Мо марказҳои пешгирӣ аз ВИЧ/СПИД дорем, ки доим кор мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ огоҳ ҳастанд, ки чӣ хел аз вирус пешгирӣ кунанд.”

Соли гузашта дар Тоҷикистон 130 кӯдак ба вируси норасоии масунияти бадан мубтало шудаанд, ки тақрибан роҳҳои чӣ гуна бемор шудани 30 дар сади онҳо маълум нест. Қисми бештари онҳо ин вирусро аз модарони бемори худ гирифтаанд.

Билол Раҳимов, пизишки тоҷик, ки бо наврасони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан кор кардааст, мегӯяд, роҳҳои гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан гуногун аст. Вай бо таҷруба аз фаъолиятҳои худ дар ин замина гуфт: “Писаронро барои хатна ба назди усто мебаранд. Гӯши духтаронро дар хурдсолӣ сӯрох мекунанд. Кӣ медонад, ки усто бо як теғ чанд кӯдакро хатна кардааст ва ё бо як асбоб гӯши чанд касро сӯрох кардааст.”

Вале як сабаби асосии мушкили маълум кардани роҳҳои сирояти вирус, ба гуфтаи пизишки тоҷик, он аст, ки то даҳсолагӣ аломатҳояш дар бадани кӯдак ошкор намешавад. Танҳо вақте кӯдакро ташхис мекунанд, ки мисли ин навраси 13-сола тӯлонӣ бемор мешавад.

Соли гузашта намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дастур доданд, ки писаронро пеш аз хатна ҳатман аз ташхиси вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гузаронанд. Онҳо сабаби чунин тасмимро ба афзоиши ин бемории сироятӣ дар кишвар, аз ҷумла дар миёни кӯдакон, рабт доданд.

Дар барномаи миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти бадан барои солҳои 2017-2020 гуфта шудааст, ки дар панҷ сол 371 наврас дар Тоҷикистон аз роҳҳои номаълум ба ин вирус мубтало шудаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон, дар маҷмуъ, ҳудуди 800 кӯдаки олуда ба ВИЧ сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG