Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бӯҳрони ғизоӣ ба ҷаҳон


Роберт Зеллик, президенти Бонки Ҷаҳонӣ
Роберт Зеллик, президенти Бонки Ҷаҳонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват намуд, ки талошҳояшро барои муқобила бо гуруснагиву норасоии ғизо ҳамоҳанг кунад.

Ин ниҳод мегӯяд, ки бо сабаби болоравии шадиди қимати ғизо ва захоири энержӣ дар ҷаҳон, иқдомоти сареъро рӯи даст бояд гирифт. Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Зеллик зимни суханронии ахираш дар Вашингтон аз болоравии баякбори қимати маводи ғизо изҳори ташвиш кард ва гуфт, фурсати он расидааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бӯҳрони эҳтимолӣ иқдоми ҳамоҳангшуда ба роҳ монда шавад.

Вай афзуд, "ба сиёсати ғизо бояд дар сатҳи баландтарини сиёсӣ таваҷҷӯҳ шавад, чунки ҳеҷ як кишвар ва ё гурӯҳе наметавонад ба ин чолишҳои баҳампечида расидагӣ кунад. Мо бояд билофосила ироаи кӯмакҳоро ба ниёзмандатарин бахшҳо шурӯъ кунем. Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ мегӯяд, ки барои расидагӣ ба ниёзмандиҳои изтирорӣ, захираҳои ғизои иловагӣ ба маблағи ҳадди аққал 500 миллион доллари дигар зарур аст. ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон ва дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеа бояд ҳоло иқдом кунанд, то ки ин тафовут бартараф шавад, вагарна мардуми зиёд азият шуда аз гуруснагӣ ҷон хоҳанд дод".

Роберт Зеллик, президенти Бонки Ҷаҳонӣ, ба роҳандозии барномаи наве бо исми "Созиши нав" даъват кард, ки ишораест ба ташаббуси ҳафтод соли пеши раиси ҷумҳурии вақти Амрико Франклин Рузвелт. Миёнаҳои солҳои 30-юми қарни гузашта дар аҳди Таназзули кабири Амрико, Рузвелт як силсила барномаҳоеро барои тақвияти ҷомеа, пешбурди фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва ислоҳи низоми имдодрасонии давлатӣ дар саросари ИМА роҳандозӣ кард. Ин барномаҳои ҳамоҳангшуда барои муқобила бо бӯҳронҳои иқтисодӣ ва эҳёи дубораи кишвар нигаронида шуда буд.

"Созиши нав"-и президенти Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳам овардани кӯмакҳои ғизоӣ ва қарордодҳои тиҷоратии ҷаҳониро ба хотири поин бурдани сатҳи молиёт ва мусоидат ба кишоварзонро дар давлатҳои дар ҳоли рушд дар назар хоҳад гирифт. Зеллик гуфт, ҳоло фурсати раҳошавӣ аз бунбасти дар музокироти тиҷорати ҷаҳонӣ ба миёномада расидааст ва дар ин масъала набояд таъхир кард. Вай таъкид кард, ки фаъолияти низоми боз ва одилонаи тиҷоратӣ ба истеҳсоли бештари маводи ғизо мусоидат карда вазъи бозорҳоро ба эътидол хоҳад овард.

Бо ишора ба баъзе нишондодҳо, вай ба суръат бахшидани талошҳо дар ин самт даъват кард, ки "чархиши бозорҳои молӣ ба болоравии нархи ғизо сабаб шудааст. Шурӯъ аз соли 2005, қимати маводи асосии ғизо 80 дар сад афзоиш ёфт. Моҳи гузашта қимати аслии биринҷ аз нишондодҳои 19 соли пеш болотар рафт. Нархи гандум ҳам афзоиш ёфта, болотар аз қиматҳои 28 соли пеш гузашт ва ба ҳисоби миёна, дар 25 соли охир ду баробар гаронтар шуд."

Роберт Зеллик афзуд, ки чунин вазъият дасти кам 33 кишварро дар баробари бӯҳронҳои сиёсӣ ва эҳтимоли сар задани ошӯбҳо қарор медиҳад. Ба навиштаи нашрияи "Вашингтон пост", аллакай чунин нооромиҳо дар кишварҳои мисли Мексико, Марокаш, Узбакистон, Яаман, Сенегал ва дигар кишварҳо ба мушоҳида расидааст. Нашрия меафзояд, ки дар Индонезӣ ахиран мардум аз болоравии қимати лӯбиё эътироз карда, дар Чин мақомот барои танзими нархи равғани растанӣ, гӯшт, шир, тухм ва гандум иқдом кардаанд. Барномаи ҷаҳонии ғизои ММ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон вазъи беш аз 550 ҳазор сокини ин кишвар осебпазир буда, нисфи онҳо бояд дар моҳҳои наздик ба таври изтирорӣ бо ғизову пули нақд таъмин шаванд.

XS
SM
MD
LG