Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба бӯҳрони ғизо омодааст?


Барномаи озуқаи СММ Тоҷикистонро яке аз 15 кишвари камбағал ва осебпазир аз афзоиши нархи маводи ғизоӣ номидааст.

Дар ҳоле, ки тайи як моҳи ахир ба дунболи буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид ва бархе аз кишварҳо кумакҳои зиёди молӣ ва ғизоиро ба Тоҷикистон сарозер кардаанд. Ба иттилоъи барномаи ғизои СММ, дар ҳоли ҳозир қимати орд дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон то 70 дарсад, гандум – 128 дарсад ва равған – 126 дарсад боло рафааст. Ва дар оянда имкони афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва камбуди он имкон дорад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон алорағми пешбиниҳои барномаи СММ гуфтаанд, ки дар як моҳи пас аз зимистони шадид ва буҳрони энержӣ қимати колоҳо дар бозорҳо боло нарафтааст. Пас суоле матраҳ аст, ки мақомоти Тоҷикистон тавони ҷилавгирӣ аз боло рафтани қимати колоҳо дар бозори дохилиро дорад? Ва метавонад аз офзоиши фақр ба буҳрони иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ кунад.

Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе ба ин суол чунин посухҳо гуфтанд:
«- Орду равған қимат шудааст. Ман бовар надорам, ки давлат пеши ин қиматиро бигирад. Ба назарам, агар созмонҳои хориҷӣ кумак накунанд, мушкилиҳои ҷиддӣ пеш меояд.
- Равған, орд, гандум қимат шудааст. Давлат ба ҷои кумак хуни моро мемакад. 40 сомоне, ки нафақа медиҳад, барои барқу обу налог мегирад.
- Дар оилаи ман дар як моҳ 3 халта орд масраф мешавад. Ман 100 сомон моҳона мегирам. Додамонро ба ки гуем?».

Аммо Ғафурҷон Расулӣ, масъули вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мутмаин аст, ки иҷрои барномаҳои рӯи даст гирифтаи давлат метавонад Тоҷикистонро аз ин буҳрон наҷот диҳад. Оқои Расулӣ дар ин бора гуфт, вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат ду барномаи стротегии рушди ҷумҳурӣ то соли 2015 ва стротегияи паст кардани камбизоатиро тасвиб кардааст. Ва тарҳи қонун дар бораи танзими савдо дар дасти баррасист.

Аммо Шодӣ Шабдолов, намояндаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, мутмаин аст, ки давлат тавони ҷилавгирӣ аз боло рафтани қимати маводи ғизоиро надорад. Ба ин далел, ки дар ин бора давлат иқдоми ҷиддӣ накардааст ва аз захираи стротегии ғизоии кофӣ бархурдор нест, вай аз иқдоми иҷрои барномаи ғизоӣ аз сӯи давлат ва авоқиби он изҳори нигаронӣ кард. Оқои Шабдолов гуфт, «давлат бояд захираи ғизои чандсола дошта бошад. Мутаассифона, давлат ин захираро надорад. Ва касе, ки як зарра ақлу фиросат дошта бошад, бояд ба ин кор ҷиддӣ машғул шавад. Барои он ки буҳрони иқтисодӣ бӯҳрони сиёсиро ба дунбол дорад».

Ба эътиқоди Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси минтақа, Тоҷикистон метавонад аз болоравии қимати гандум, орд ва равғани наботӣ ҷилавгирӣ кунад. Дар сурате, ки аз замин дуруст баҳрабардорӣ кунад, кишти ғалла ва гиёҳҳои равғаниро ба ихтиёри соҳибкорон қарор бидиҳад ва дар фаъолияти онҳо имтиёз қоил шавад. Қосими Бекмуҳаммад авоқиби болоравии қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод, ки Боло рафтани нархҳо дар пайи сармои шадид ва мушкилоти мавҷуд метавонад ба тадриҷ мардумро ба самте бикашад, ки онро метавон боло рафтани зарфияти эътирозӣ дар ҷомеа унвон кард.

Ба эътиқоди Шодӣ Шабдолов, намояндаи Маҷлиси Олӣ, дар ҳоле, ки мардум ба тавони давлат дар ҷилавгирӣ аз фақр ва боло рафтани қимати коло эътимод надоранд, мардум ба кумакҳои башардӯстона умед мебанданд.

XS
SM
MD
LG