Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тозаи қудратҳои ҷаҳонӣ ба Эрон


Бино бар иттилоъи дипломатҳо ва мақомдорони ИМА, дар рӯзҳои наздик қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳодҳои ташвиқкунандаи бозбинишударо ба Эрон пешкаш хоҳанд кард, аммо Вошингтон ба ин гуфтушунудҳо намояндаи худро намефиристад.

Ҳадаф аз ин пешниҳодҳои ташвиқкунанда, ки интизор аст имрӯз ба мақомоти Теҳрон тавассути раҳбари бахши равобити байнулмилалии Иттиҳодияи Аврупо Ҳовиер Солано муаррифӣ гарданд, водор кардани Эрон ба қатъи фаъолияти ҳастаияш мебошад.

Дар тафовут аз қоидаҳои ташрифотӣ имкон дорад Соланаро дар ин сафараш вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои аъзои доимии Шурои амнияти СММ, яъне Фаронса, Бритониё, Русия ва Чин бо иловаи Олмон ҳамроҳӣ кунанд.


Бо вуҷуди он ки Амрико дар гуфтушунудҳои қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон нақши намоён мебозад, мақомоти Вошингтон рушод гуфтаанд, ки намояндашонро бо ин ҳайат намефиристанд. Сухангуи вазорати корҳои хориҷаи Амрико Шон Маккормак ба хабарнигорон изҳор дошт, ки бо вуҷуди он ки Вошингтон ба муҳокимаи ҷузъиёти муомила бо Теҳрон идома медиҳад, Амрико нақшаи фиристодани намояндааш ба Эронро надорад.

Дар тафовут аз ин мавқеъи Вошингтон қудратҳои ҷаҳонӣ бар ин ақидаанд, ки фиристодани намояндагони ин кишварҳо ба маъмурияти Солано вазни бештаре мебахшад.

Вазири корҳои хориҷаи Британиё Давид Милибанд ҳафтаи гузашта баъд аз мулоқот бо ҳамтоёнаш аз Амрико, Русия, Чин, Фаронса ва Олмон дар мавриди имкони расидан ба тавофуқ бо Эрон хушбинии эҳтиётона изҳор намуда гуфт, “Эрон мегуяд, мехоҳад нақши созандаро бозад. Мо бар инем ки ҳуқуқҳое, ки Теҳрон мехоҳад соҳиб шавад, ҳатман бояд ҳамроҳ бо масъулиятҳои муайян насибаш гарданд. Бархурди нави мо ба Эрон дар асоси ин руҳияи мавҷудияти ҳуқуқ ва масъулият бунёд мешавад”.

Бо вуҷуди ин сухангуи вазорати корҳои хориҷаи Амрико Шон Маккормак гуфт, ИМА танҳо дар ҳоле сари мизи музокироти мустақим бо ҷониби эронӣ менишинад, агар Теҳрон фаъолияти ғанисозии ураниумро қатъ кунад. Намояндаи Ҳовиер Солано дар Брусел аз додани ҳар гуна тавсилот дар бораи сафари вай ба Теҳрон худдори намуда гуфт баъзе масалаҳои ҳалношуда боқи мемонанд ва ҳал шудан ё нашудани онҳо дар рафти музокирот муайян мегарданд.

Димпломатҳо муҳтавои пешниҳодҳои ташвиқкунандаи таҷдидшударо ошкор накарданд, аммо хабар додаанд, ки ин пешниҳодҳои ташвиқкунада дар асоси ташаббусҳои соли 2006 матраҳ шуда ба ҳамкори мусолиҳатомези ҳастаӣ бо Теҳрон рушании бештар мебахшанд.

Инчунин гуфта шуд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар ивази ризоияти Теҳрон нақши он кишварро дар минтақа ба расмият шинохта як навъ ҳамкорӣ дар бахши амниятиро пешниҳод хоҳанд кард. Ин дар ҳолест ки Эрон эълом намуд, ки ҳеҷ гуна пешниҳодеро қабул нахоҳанд кард, агар Эронро аз ҳақи дастрасӣ ба фановариҳои ҳастаӣ маҳрум кунанд ва дар ҳеҷ маврид ғанисозии ураниумро қатъ намекунад.

Ғарб дар шеваи мусолиҳатомези барномаи ҳастаии Теҳрон шубҳа дорад ва мегуяд, Эрон мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.
XS
SM
MD
LG