Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашгона Эронро баррасӣ хоҳад кард


Вазорати корҳои хориҷаи ИМ эълом намуд, ки дар миёнаҳои моҳи апрел муовини вазири корҳои хориҷа дар умури сиёсӣ Даниел Фрайд бо ҳамтоёни баландмақомаш аз панҷ қудрати ҷаҳонӣ барои расидагии мавзуъи Эрон вомехурад.

Интизор меравад, дар ин вохурӣ иқдомоти баъдии шаш кишвар дар самти водор сохтани Эрон барои мутаваққиф кардани барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш мавриди муҳокима қарор гирад. Дар ин бора сухангуи вазорати корҳои хориҷаи Амрико Шон Маккормак хабар дод. Маккормак дар бораи таърих ва ҷои баргузории нишасти фиристодагони кишварҳои узви доимии Шурои Амнияти СММ бо иловаи Олмон маълумоти дақиқ надод. Сухангуи вазорат номи кишвари қабулкунандаро низ зикр накард.

Моҳи гузашта Шурои амнияти СММ таҳримҳои байналмилалиро алайҳи Эрон барои саркашии такрориаш аз мутаваққиф кардани ғанисозии ураниум тақвият дод. Дар посух ба саволи хабарнигорон ки оё мавзуи тавсеъаи имтиёзҳои иқтисодӣ ба Эрон, ки ду сол пеш пешниҳод шуда буданд, дар ин нишаст мавриди муҳокима қорор хоҳанд гирифт ё хайр, Маккормак гуфт, дар ин бора баъд аз эълони таърихи дақиқи вохурӣ иттилоъи бештаре хоҳад дод. Хабарнигоронро ин посухи Маккормак қаноат накард ва зери фишори онҳо ӯ гуфт:

“Дар вохурӣ ҳам роҳи зуроварӣ ва ҳам роҳи муомила баррасӣ ва тавозун миёни ин ҳарду роҳ ҷустуҷу хоҳад шуд”.

Ин дар ҳолест, ки Эрон рузи 5 апрел эълом дошт, пешниҳодҳои Ғарб барои мутаваққиф кардани фаъолияти ҳаставиашро қабул намекунад. Шаш кишвари узви Шурои Амният розӣ шуда будаанд, имтиёзҳои иқтисодиро барои Эрон дар ивази даст кашиданаш аз ғанисозии ураниум, ки соли 2006 пешниҳод шуда буданд, тамдид кунанд. Аммо моҳи гузашта Эрон аз идомаи гуфтушунидҳои шашҷониба дар робита ба барномаи ҳастаиашро рад намуда, гуфт, мустақиман дар ин мавзуъ танҳо бо ниҳоди зидахли СММ Оҷонси байналмилалии неруи ҳастаӣ музокирот хоҳад кард.

ИМА ва ҳампаймонони аврупоиаш ҳамвора талош мекунанд, Эрон барномаи баҳсбарангези ғанисозии ураниумро мутаваққиф кунад. Онҳо бар ин ақидаанд, ки Теҳрон аз тариқи ин барнома мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Ин дар ҳолест, ки Эрон ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда, мегуяд, барномаи ҳастаиаш мусолиҳатомез буда, ҳадафаш даст ёфтан ба неруи арзони барқ мебошад.

XS
SM
MD
LG