Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон хариди орду равғанро бо имзову дафтар кардаанд


Навбат барои маҳсулоти хӯрока. Акс аз моҳи май

Бо гаронтар шудани қимати маводи ғизоӣ дар Туркманистон фурӯши ин маҳсулотро барои мардум бар асоси дастуруламали махсус ба роҳ мондаанд. Бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар Туркманистон, ҳар як хонавода дар ҳар маҳалла дафтарчаеро мегирад, ки онҷо теъдоди аъзои оила ва нишонии хонаи онҳо навишта шудааст.

Ба гузориши вебсайти мустақили Turkmen.news ҳар вақте, ки узве аз ин оила аз мағозаи давлатӣ маводи хӯрока харид, сабт мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Балкан рӯзи 11-уми июн гузориш дод, ки харид бо дафтарчаи махсус се чаҳор рӯз пеш дар чанде аз шаҳрҳои Туркманистон, аз ҷумла шаҳри Балканобод, маркази вилоят оғоз ёфтааст.

Онҳое, ки дафтарча надоранд, наметавонанд, аз мағозаҳои ҳукуматӣ бо қимати арзонтар орду, биринҷ, равғану шакар ва картошка бихаранд. Туркманистон, ки яке аз кишварҳои пӯшидатарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, дар чанд соли ахир шоҳиди болоравии қимати маводи хӯрока ва норасоии ин мавод шудааст. Дар бозорҳои кишвар ҳаргуна маҳсулоти хӯрока ҳаст, вале бинобар гаронии онҳо на ҳама аз мардуми оддии туркман онро харида метавонанд.

Бисёре аз сокинони кишвар ба мағозаҳои давлатӣ мераванд, ки дар онҳо орду рӯғану шакар арзонтар аст, вале ин маҳсулотро ҳам ба андозае меоранд, ки зуд тамом мешаваду ба қадри кофӣ ба ҳама намерасад. Ҳарчанд мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашудааст, вале маҳдудиятҳое барои роҳ надодан ба сироят эълон кардаанд ва ин чораҳо низ мушкилотеро барои тақсими маҳсулоти хӯрока дар саросари кишвар ба миён овардааст.

Туркманистон аз ҷумла гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва роҳҳо дар дохили кишварро бастааст, воридоти маҳсулоти хӯрока аз кишварҳои ҳамсарҳад низ маҳдуд шудааст. Норасоии маводи ғизоӣ рӯзи 3-уми апрел дар вилояти Марӣ тазоҳурот барангехт, ки Туркманистон бисёр кам шоҳиди он шудааст.

Тақрибан 30 зан шоҳроҳеро барои муддати кӯтоҳе бастанд ва ба самти қароргоҳҳои ҳукумати вилоят рафтанд. Баъд аз онки мақомот ваъда доданд, ки ба онҳо ду килоӣ орд тақсим мекунанд, ин занон ба хонаҳояшон баргаштанд. Дар Туркманистон, ки матбуоти мустақил вуҷуд надорад, ҳеҷ гоҳ дар бораи норасоии маводи хӯрока ва ё мушкилоти иқтисодӣ дар кишвар гузорише намедиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG