Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19: Туркманистон хатарноктарин кишвар дар Осиёи Марказӣ


Ишқобод, Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Ишқобод, Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Бар асоси раддабандии "Deep knowledge group", вазъи эпидемиологӣ дар Туркманистон, ки мегӯяд, коронавирус ё худ COVID-19 дар он вуҷуд надорад, хатарноктарин дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон аз ҳама мақоми баланд - дар мақоми 71-ум, Қирғизистон 108-ум, Узбекистон - 121-ум, Тоҷикистон 124-ум ва Туркманистон аз ҳама поин - 131-ум қарор доранд.

Амнтарин кишвар бо вазъи хуби эпидемиологӣ Швейтсария, Олмон, Исроил, Сингапур ва Ҷопон номида шудаанд. Дар миёни 200 кишвар аз ҳама мақомҳои поинро Либерия, Афғонистон, Чад, Малӣ, Руанда ва Судони Ҷанубӣ касб кардаанд.

Раддабандии Deep knowledge group бо назардошти омилҳои гуногун, аз ҷумла корсозии чораҳои карантинӣ, ташхис ва омодагии низоми тандурустии кишварҳо таҳия шудааст.

Раҳбарияти Туркманистон ҳанӯз ҳам исрор дорад, ки дар ин кишвар вируси корона вуҷуд надорад. Ҳамчунин тавсияҳои асосии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз қабили фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб дар ин кишвар риоя намешавад.

XS
SM
MD
LG