Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки аз сафар ба 4 шаҳри Русия худдорӣ кунанд. ВИДЕО


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ба хотири депорт ё ихроҷ нашудан, аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочиии Русия то 12 июл худдорӣ кунанд. Ин тасмим дар пайи фармони раисҷумҳури Русия сурат мегирад, ки ба хотири таъмини амният дар ҷараёни бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи ФИФА мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шадидтар кардааст.

Дар ҳамин ҳол ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ мегӯянд, масъалаи кам кардани парвозҳо ба ин чор шаҳри Русияро ба баррасӣ гирифтаанд. Усмоналӣ Латифӣ, сардори Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи душанбеи 29-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тариқи тамоми расонаҳо аз аҳолӣ дархост кардаанд, ки дар муддати аз 1 то 12 июл, ки мавсими баргузории Ҷоми Конфедератсияи ФИФА аст, ба чаҳор шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи сафар накунанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кардааст, ба хотири депорт ё ихроҷ нашудан, аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочиии Русия то 12 июл худдорӣ кунанд.

Ба қавли ҷаноби Латифӣ, “на танҳо муҳоҷирон, балки шаҳрвандони дигар низ агар бовар надоранд, ки дар як рӯз худро ба қайд гирифта наметавонанд, беҳтар аст аз сафар ба ин чор шаҳри Русия худдорӣ кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз соли 2004 ҳуқуқ доранд дар давоми 15 рӯз худро ба қайд гузоранд. Аммо дар асоси фармони нави Владимир Путин, мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори дигар атбои хориҷӣ кам карда шуд.”

Ин масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Сочи то 12 июл, хатари ихроҷ ва манъ шудани вуруди дубораи шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аст. Зеро агар онҳо дар як рӯз худро ба қайд гузошта натавонанд, пас вурудашон барои чанд соли дигар ба Русия манъ мешавад.

Усмоналӣ Латифӣ ҳамчунин гуфт, кам шудани мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар чор шаҳри Русия ба хотири таъмини амният аст. Зеро ба қавли ӯ, “таъмини амният барои ҳар кишвар, болотар аз ҳама қонунҳо ҳаст”. Аммо ин тасмим ба шахсони душаҳрвандӣ ва муҳоҷироне, ки ҳоло дар чор шаҳри Русия ҳастанд дахл надорад.

Дар ҳамин ҳол ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ мегӯянд, эҳтимол дорад дар пайи тасмими ахири Русия теъдоди мусофирони онҳо коҳиш ёбад, ки рӯи фаъолияти онҳо таъсири номатлуб хоҳад гузошт. Ҳарчанд Азизулло Хайруллоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, “ҳоло парвозҳо аз рӯи ҷадвал сурат гирифта истодаанд. Тасмим барои кам кардани парвозҳо танҳо баъди таҳлили омори даҳ рӯзи аввали ин қарор, гирифта мешавад.”

Мақомоти Русия ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки ба хотири баргузории Ҷоми Конфедератсияи ФИФА аз 1 июн то 12 июли имсол сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар Маскаву Сочӣ ва Санкт-Петербургу Қазон шадидтар мекунанд. Бар асоси қарори нав, шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар тӯли ҳамагӣ як шабонарӯз худро дар идораи муҳоҷирати Русия сабти ном кунанд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксар хонаводаҳо ва як омили калидии ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Қаблан мақомоти Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро барои риоя накардани қоидаи будубош аз ин кишвар ронда ва барои аз 3 то 10 сол роҳашонро баста буд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар моҳи апрели имсол 102 ҳазор нафар аз қарори “афв”-и муҳоҷирони кории тоҷик баҳравар шудаанд. Имконияти якмоҳа барои сабти қонунии кору иқомати муҳоҷирон пас аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия дар охири моҳи феврали имсол даст додааст.

Ҳар сол беш аз як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ки дар ду соли охир вазъи будубоши онҳо дар Русия мушкилтар шудааст. “Аз як тараф сабти ному дарёфти иҷозаи кор ва аз тарафи дигар тафтишу санҷиши пайвастаи нирӯҳои амниятӣ, вазъияти муҳоҷиронро танг кардааст”, - хулоса кард яке аз ҳомиёни ҳуқуқ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Вобаста

XS
SM
MD
LG