Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори мардикорони гирифтори СПИД меафзояд


Оё дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гирифторони бемории ЭЙДз, ё СПИД, ҳастанд ва шумораи тақрибии онҳо чанд аст?

Дар ин бора дар Русия таҳқиқоте анҷом гирифтааст ва ин таҳқиқот ҳамаи кишварҳои мустақили ҳамсудро фаро мегирад. Ин таҳқиқот солҳои 1987 то моҳи ноябри соли 2007-ро дар бар мегирад ва онро як маркази федеролии илмиву таҳқиқотии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД ё ЭЙДз анҷом додааст.

Бино ба маълумоти ин манбаъ ҳар сол 2 миллион нафар дар ҷустуҷуи кор вориди Русия мешаванд. Ин марказ мегуяд, то соли 2005 ҳар сол аз 800 то 900 нафар муҳоҷирони гирифтори бемории СПИД ошкор мешуданд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ дар давраи таҳқиқот, яъне аз соли 1987 то ноябри соли 2007 нуҳ ҳазору 337 нафар нишон дода шудааст.

Шумораи тоҷикон 448 нафарро ташкил додааст. Шумораи умумии гирифторони СПИД дар даҳ моҳи соли 2007 1420 нафар будааст, ки 126 нафари онҳо муҳоҷирони кории тоҷиканд. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар миёни муҳоҷирони кории Укроин ва Узбакистон зиёд аст. Баъд аз ин ду кишвар Тоҷикистон ва сипас Молдоваву Гурҷистон , Арманистону Озарбойҷон, Қирғизистону Белорус ва Қазоқистону Туркманистон меоянд.

Ҳангоми назарпурсӣ дар миёни муҳоҷирон рушан шудааст, ки ин бемориҳо аслан аз роҳи робитаҳои бенизоми ҷинсӣ ва 40 дарсади он тавассути хомушакҳо сироят кардаанд. Гузашта аз ин, тибқи ин таҳқиқот муҳоҷирон дар бораи ин беморӣ маълумот надоштаанд ва ҳангоми бозгашт ба ватан ин бемориро ба ватани худ интиқол медиҳанд ва чунин омил сабаби густариши СПИД дар кишварҳои мустақили ҳамсуд шудааст.

Дар гузориш омадааст, амали ҷинсӣ дар ивази пул барои қаноъат додани нафс ва тағйири зани ҳамхоба хатари сирояти бемории СПИДқро хеле бештар мекунад ва саломатиро ба хатар ру ба ру месозад. Аксари мутлақи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ё 95,3 дарсадро мардони муҷаррад ташкил медиҳанд. Нодорӣ онҳоро водор месозад, ки зану фарзандонашонро дар Тоҷикистон бигзоранд ва худ танҳо ба муҳоҷирати корӣ руй оранд. 70 дарсади онҳо аз сини 17 то 39 сола мебошанд.

Дар ин сину сол, ки онҳо табъан аз зиндагии хонаводаӣ қонеъ нестанд, маҷбур мешаванд, занони ҳарҷогардро муваққатан барои худ ҳамхоба бигиранд, ба нушокиҳои спиртӣ майл пайдо кунанд ва ё ба амали ҷинсии пулакӣ машғул шаванд. Баъд аз бозгашт ба ватан маълум аст, ки онҳо бо чӣ вазъи саломатӣ ба назди зану хонаводаи худ бармегарданд.

XS
SM
MD
LG