Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса дар ин музокироти телефонӣ ба Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, таъкид кардааст, ки нерӯҳои Русия бояд ҳарчи зудтар аз минтақаи Потӣ хориҷ шаванд.
Ҳарчанд Маскав ахиран эълон кард, ки тонкҳо, тӯпхона ва низомиёни худро аз мавзеъҳои даруни Гурҷистон берун бурдааст, вале шаҳри бандарии Потӣ дар ғарби Гурҷистон ва посгоҳҳои Гориро раҳо накардааст. Генерал Анатолий Ноговитсин, муовини раҳбари ситоди кулли Артиши Русия, рӯзи шанбе эълон кард, ки нерӯҳои русӣ назорати Потиро аз даст намедиҳанд.
Вале Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Амрико, ва Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ба ин назаранд, ки Русия ба тааҳҳудоти худ тибқи паймони оташбас вафо накардааст.
Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳурии Гурҷистон, низ шомгоҳи рӯзи ҷумъа дар нишасти Шӯрои амнияти ин кишвар хостори ҷойгузинии нерӯҳои ҳофизи сулҳи хориҷӣ бо силоҳбадастони русӣ шуд.
Боқӣ мондани Русия дар Потӣ метавонад боз як баҳонаи сардии муносиботи ин кишвар бо Амрико гардад.