Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Гурҷистонро комилан тарк карданӣ нест


Вазири берунаи Бритониё гуфтааст, нерӯҳои Русия то ҳануз аз баъзе манотиқи Гурҷистон хориҷ нашудаанд, ки боиси нигаронии шадид аст.

Дэвид Милибенд, вазири берунаи Бритониё, аз Маскав хостааст, ки тибқи муқаррароти тарҳи оташбаси миёни Медведев ва Саркозӣ имзошуда амал кунад ва нерӯҳои худро бедаранг ва комилан аз манотиқи тавофуқшуда хориҷ кунад.

Дар ҳоле, ки вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ахиран эълон кард, ки то шоми рӯзи ҷумъа нерӯҳои Русия хоки Гурҷистонро тарк хоҳанд кард, вале гуфта мешавад, зиреҳпушҳои Русия аз бархе манотиқи Гурҷистон комилан хориҷ нашудаанд.

Вазири дифоъи Русия гуфт, ки бо хуруҷи нерӯҳо Русия дар навоҳии атрофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон зонаҳои амниятӣ ва бошишгоҳҳои низомӣ эҷод хоҳад кард.

Дар пайи ин иддаои Маскав низ намояндагони мақомоти ИМА ва Гурҷистон ибрози нигаронӣ кардаанд, зеро дар тарҳи оташбаси тавофуқшуда эҷоди хати амниятӣ ва бошишгоҳҳои посдорони сулҳи Русия матраҳ нашудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG