Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Буш аз авзоъ дар Тибет


Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури ИМА ва Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин
Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури ИМА ва Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин

Раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао дар бораи саркӯбшавии тазоҳургарон дар Тибет изҳори нигаронӣ кард.

Ҷорҷ Буш аз Ҳу Ҷинтао даъват намуд, бо намояндагони раҳбари руҳонии Тибет Далай Лама, ки дар хиҷрат дар Ҳиндустон ба сар мебарад, муколамаи воқеъӣ барпо карда ва ҳам ба хабарнигорон ва дипломатҳо иҷозат бидиҳад, ки аз минтақа боздид кунанд. Дирӯз, раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ низ хостори оғози муколама миёни ҳукумати Чин ва раҳбари руҳонии Тибет Далай Лама шуд.

Эътирозҳо алайҳи Пекин дар пойтахти Тибет – шаҳри Лҳаса рӯзи 10 март оғоз ёфт ва баъдан ба дигар вилоятҳои кишвар низ густариш пайдо кард. Мақомоти Пекин ин ошӯбҳоро бо қатъият саркӯб кард. Ҳукумати дар ғурбат қарор доштаи Тибет шумораи кушташудагон дар ҷараёни фурӯ нишондани эътирозҳоро 140 нафар ҳисоб кардааст, вале мақомоти Чин ҳалокати ҳамагӣ 20 нафарро эътироф мекунад.

Ин ошӯбҳо бузургтарин ва пурқурбонитарин ошуби тиебтиҳо алайҳи ҳукумати Чин дар тули 20 соли охир маҳсуб мешавад ва наҳваи бархурди Пекин дар фурунишонии ин ошубҳо дар пешоруи баргузории бозиҳои Олимпии имсола, ки қарор аст, дар пойтахти Чин баргузор шаванд, дурустии тасмим дар мавриди ихроҷи Чин аз феҳрасти кишварҳои поймолкунандагони ҳуқуқи башарро зери суол мегузорад.

Бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар пайи рӯйдодҳои ахири Тибет ба таҳрими бозиҳои олимпии Пекин даъват кардаанд. Бо ин ҳол, раҳбарияти кумитаи Олимпии ҷаҳон изҳори умедвори кардааст, ки то оғози бозиҳои олимпӣ, яъне моҳи август, вазъ ба эътидол хоҳад омад.

Рӯзи чоршанбе Пекин мавқеашро каме нармтар карда, ба нахустин гурӯҳи хабарнигорони хориҷӣ иҷозат дод аз Лҳаса боздид кунанд. Рӯзноманигоронро ба майдони Патала ва кохи Патала, мақари подшоҳони Тибет, бурданд ва баъдан имкон доданд аз баъзе мағозаҳои атроф, ки дар натиҷаи ошубҳо тахриб шудаанд, дидан кунанд.

Дар мавриди гуфтугуи телефонии Ҷорҷ Буш ва Ҳу Ҷинтао хабаргузории давлатии Чин Синхуа иттилоъ дод, ки раҳбари Чин ба ҳамтои амрикоиаш гуфтааст, ки эътирозҳои Тибетро намешавад на раҳпаймоии сулҳомез ва на фаъолияти бехушунат арзёбӣ кард. Ҳу Ҷинтао афзудааст, ки ҳар як ҳукумати масъул алайҳи чунин хушунатҳои ҷиноӣ ҳатман чораҳои лозим меандешад.

XS
SM
MD
LG