Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибет дар матбуоти Ғарб


Эътирози тибетиҳо дар музофоти Гзиаҳе Гансу (Чин), 14-уми марти соли 2008
Эътирози тибетиҳо дар музофоти Гзиаҳе Гансу (Чин), 14-уми марти соли 2008

Нашрияҳои байнулмилалӣ хабар медиҳанд, ки дар минтақаи худмухтори Тибети Чин роҳибони буддоӣ ҳамоишҳо доир кардаанд.

Ин ҳамоишҳо ба муносибати 49-умин солгарди шӯриши Лҳаса, шӯрише, ки бо бадарғаи пешвои рӯҳонии Тибет Далай-лама анҷомид, будааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки то баргузории Олимпиадаи Пекин танҳо 5 моҳ боқӣ мондаасту ин тазоҳуротҳо боиси нигарониҳои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ шудааст.
TheNewYorkTimes менависад, пулиси Чин хабарҳои нашршуда дар мавриди тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургарони тибетиро такзиб мекунанд, аммо Маркази тибетии ҳуқуқи башар ва демократия, мақарраш дар Ҳиндустон, барои расонаҳо аз ҳалокати дастикам 30 нафар ва, бар тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ, беш аз 100 тибетӣ, хабар дод. Тазоҳургарон дар шаҳри Лҳаса бо тақозоҳои бозгашти Далай-Лама ба Тибет ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои тибетиҳои ин минтақаи ҷудоихоҳи Чин шиъор мезаданд.
Ба навиштаи TheNewYorkTimes, Иттиҳодияи Аварупо ва Амрико аз давлати Чин даъват карданд, то барои ҳалли қазияи Тибет аз нерӯи низомӣ истифода накунад ва омирона рафтор кунад. Кохи сафед, дар ҳоле, ки ба ҷонибдори оғози музокироти миёни Пекин ва пешвои раддимарзшудаи буддоиҳои Тибет Далай-Лама буданаш таъкид намудааст, аз мақомоти Чин хостааст, то «фарҳанги Тибетро эҳтиром гузорад».
Нобасомониҳои Лҳаса ва Сиаҳ ҳизби ҳокими коммунисти Чинро бо мушкили ҷиддии сиёсӣ рӯ ба рӯ каардааст, тазоҳуротҳои Тибет метавонад ба нуфузи ин кишвар, бахусус дар масоъили амният дар пешорӯи бозиҳои олимпиии моҳи август дар Пекин латма бизанад.
Нашрияи фаронсавии LeMonde менависад, ҳар ончи ки Пекин аз вуқӯъаш ҳарос дошт, сар зад. Таййи чанд моҳи ахир давлати Чин ҳавлу ҳоли Тибетро таҳти назорати шадид қарор дода буд ва талош мекард, аз ҳама гуна мавориде, ки ба эҳтимол, боиси ташаннуҷи авзоъи кишвар дар пешорӯи бозиҳои олимпӣ мешавад, ҷилавгирӣ намояд.
Ҷасорати роҳибони тибетӣ қобили таҳсин аст, ки дар баробари низоми бас шадиди ҳизби коммунисти Чин, аз ҳаққи худ дифоъ мекунанд, - таъкид мешавад дар матлаби LeMonde. Аммо Тибет масъалаи стротежист ва ба ин хотир, давлати Чин аз он даст нахоҳад кашид. Дар ҳамин ҳол худи Далай-лама моил ба ҳалли гузашткоронаи баҳсу баррасиҳои ахир буда ва аз амалиётҳои хушунатбор дар Тибет изҳори нигаронӣ ва таасссуф мекунад, - менависад TheWallStreetJournal. Вале Далай-лама, ки нафари бас таъсиргузору соҳиби эҳтиром миёни мардуми Тибет аст, мегӯяд, барои мусоъидат ба қатъи хунрезиҳо дар зодбумаш, ки ним асри қабл аз он фирор кардааст, оҷизу нотавон мебошад.
«Ин изҳороти Далай-лама умеди дарёфти иҷозаи ҳукумати Чин ба бозгашти ҳазорҳо тибетӣ ба ватанро дарҳам зад», – хулоса мекунад TheWallStreetJournal.
Нашрияи DerStandard (Утриш) бо таъкид ба нигарониҳои сармоягузророни Олимпиадаи августии Пекин, навиштааст, муассисони ширкатҳое, ки қасди дастгирии молии ин бозиҳоро доранд, вобаста ба вазъияти Тибет ғарқи ин андеша ҳастанд, ки то куҷо бояд таваккал кунанд: оё аз ширкати молӣ дар ин маърака суд мебардоранд ё хайр.
Аммо нашрияи итолиёии CorrieredellaSera менависад, бо ин вуҷуд ки масъалаи таҳрими Олимпиадаи Пекин ба миён омадааст, давлати Чин ба ҳеҷ ваҷҳ аз ҳаққи худ баргузории ин бозиҳо даст нахоҳад кашид: «Маҳз дар пешорӯи Олимпиадаи Пекин баланд шудани эътирозҳои Тибет танҳо бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиъаи байнулмилалӣ ба ин миллати кӯчак аст, ки дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад». Ба навиштаи муаллифони матлаб, иҷрои пешниҳодоти Далай-лама аз сӯи давлати Чин дар мавриди муайянсозии мавқеъи Тибет обрӯву нуфузи рӯ ба коҳиши давлату ҳукумати Чинро дубора боло хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG