Аз ҷумла Анатолий Рябсев, раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки аз 150 метри мукааб об дар сония, ки кишвараш тибқи созишномаҳо иҷозаи дарёфт дорад, 80 метри мукааби он дар водии Фарғона масраф мешавад ва 70 метри мукааб дар обанбори Қайроққум мемонад. Оқои Рябсев гуфтааст, чун миқдори зарурии об то ба Қазоқистон намерасад, имкон дорад беобӣ ба киштзорҳои Қазоқистон хатари ҷиддиеро ворид созад.
Вале ҷониби Тоҷикистон ин иддаои Қазоқистон дар бораи коҳишдиҳии оби дарёи фаромарзиро бепоя хонадааст ва Георигй Петров, сарвари Озмоишгоҳи гидроенержии пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, гидроэнержӣ ва муҳитзистии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, гуфтааст, ки кишвараш аз камбуди об худ азият мекашад.
Ва оё ин иддаои Қазоқистон дар мавриди Тоҷикистон то чӣ андоза дуруст аст? Мо бо чунин пурсиш ба Досим Сатпаев, сарвари бахши баррасии бӯҳронҳо муроҷиат кардем. Оқои Сатпаев иброз дошт, ки иддаои Қазоқистон на аз Тоҷикистон, балки асосан аз Узбакистон аст. Зеро байни ин ду кишвар, яъне Қазоқистону Узбакистон дар мавриди истифодаи оби рӯдхонаҳо чанде пеш тавофуқ ба имзо расидааст, вале онро Узбакистон иҷро намекунад. Чунин тавофуқ бо Тоҷикистон ҳосил нашудааст. Вале, ба андешаи оқои Сатпаев, дар ҳар сурат баҳси ду кишвари поёноб ба Қирғизистону Тоҷикистон, ки кишварҳои болооб маҳсуб мегарданд, бетаъсир нахоҳад монд.
Дар мавриди Тоҷикисстон бошад, оқои Сатпаев афзуд, ки мақомоти Қазоқистон, ба истилоҳ, дар қатори дигарон аз ин кишвар низ интиқод кардаанд, вале ҳама иддао аз Узбакистон аст. Зеро ин кишвар се сол ба ин тараф ба бунёди консорсиюми обу барқ дар минтақа муқобилат нишон медиҳад. Досим Сатпаев таъкид мекунад, ки агар чунин консорсиюм бунёд мегардид, чунин баҳсу низоъҳо дар масъалаи истифодаи об дар минтақа ба миён намеомад ва ҳама масъала бо машварат ҳаллу фасл мегардид.
Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон ҳангоми тобистон барои расондани об аз дарёи Тӯхтагул аз Қирғизистон нерӯи барқ харидорӣ мекунад ва ин кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳолати тағйир наёфтани вазъ ва мисли пештара коҳиш ёфтани об ба Қазоқистон аз харидории барқ даст мекашад ва он маблағро ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвараш масраф мекунад.
Навалний фақат аҷали Путин нест. Навалний аҷали сутуни ҳукуматҳои худкома - Путин аст. Омад - омади Навалний хоби пешвоёни муаззами Осиёи Миёна ва лидерҳои СНГро паронд. Аз саҳар ҳама дар навбати занги телефони ба Путин истодаанд.
Ба умеди демократияи комил ва ҷомеаи шаҳрванди нашавем агар дар Руссия барин давлатҳо озодии сухан ҳамин тавр бошад аз дигар давлатҳо умед ҳам накунед.
Кофтестем ако.
Сарҳаи Чин аз Хоруғ мегузарад. Зинда бошед, хоҳед дид.
Офарин Самариддин. Тамоми ҷавонони Тоҷикистон бо ту ва шерафгани замон устоди ҷасорат ва мардонагӣ Алексей Навалний ҳастанд. Мо барои озодии шумо аз дасти диктатор Путин ва сагалдакҳояш дуо мекунем. Зинда бод қонун ва озодӣ аз диктатор!