Инчунин иддаъоро Анатолий Рябтсев, раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон зимни як нишасти хабарӣ ба пеш овардааст.
Ӯ гуфтааст, чанд рӯз қабл масъулини Кумитаи захоири оби Қазоқистон ҷиҳати мушаххас кардани иллати коҳиши воридшавии об ба Қазоқистон вориди Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шуда ва бо мақомот сӯҳбат анҷом додаанд.
Ба гуфтаи оқои Рябтсев ин мулоқотҳо бенатиҷа анҷом шудааст. Зеро аз 150 метри мукааб об дар сония, ки Қазоқистон бар тибқи созишномаҳо иҷозаи дарёфт дорад, 80 метри мукааб об дар сонияи он дар водии Фарғона гирифта мешавад ва ин миқдор об ба обанбори Қайроққум ворид намешавад ва 70 метри мукааб дар сония об дар обанбори Қайроқум боқӣ мемонад.
Раиси кумитаи захоири оби Қазоқистон гуфтааст, бар тибқи қарордоҳо бояд хориҷшавии об аз обанбори Қайроққум то 75 метри мукааб дар сония афзоиш дода шавад, вале танҳо 5 метри мукааб бештар шудааст. Анатолий Рябтсев ҳамчунин гуфтааст, бар асоси созишнома Қазоқистон бар ивази афзоиши хориҷшавӣ аз обанбори Тутагул ва воридшавии он ба рудхонаи Дустики Қазоқистон аз Қирғизистон нирӯи барқ харидорӣ мекунад. Вале ҳамчунин раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон Қирғизистонро дар иҷро накардани талаботи синсозишнома муттаҳам карда ва гуфтааст, Қазоқистон об барои киштзори худ аз обанборӣ Тухтагулро ҳанӯз дарёфт накардааст. Ва мансабдори қазоқ гуфтааст, мақомоти кишвараш ба Тоҷикистон ва Ӯзбакистон то рӯзи душанбеи 21 июн фурсат додаанд, то мушкили меъёри воридшавии об ба рудхонаи Дустики Қазоқистонро бартараф кунанд, дар сурати ғайр Қазоқистон харидории нирӯи барқ аз Қирғизистонро қатъ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон инчунин иддаои раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистонро бепоя мехонад. Ба гуфтаи Георгий Петров, раҳбари озмоишгоҳи гидроэнержии Пажӯҳишгоҳи мушкилоти об, гирдоэнержӣ ва муҳитзистии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба тавофуқ нарасиданд ва дар зимн Қирғизистон об дар болоби рӯдхонаи Сирро манъ кардаст. Ба гуфтаи ӯ кишоварзон ва киштзори шимоли Тоҷикистон низ феълан аз камбуӯдӣ об азият мекашад, ҳарчанд дар рӯдхонаҳо камобӣ зиёд ба назар намерасад. Ва оқои Петров ҳамзамон дар робита ба рӯдхронаҳои фаромарзӣ афзудааст, ҳар кишвар он гуна, ки хоҳад метавонад аз манобеи оби рӯдхонаҳои худ истифода кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки масъалаи об дар Осиёи Марказӣ бо гузаштаи солҳо амиқтар ва бӯҳронитар мешавад ва коршиносони хорҷӣ тахмин мезананд, ки мояи аслии мухолифати кишварҳои минтақа аслан масъалаи об аст.
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда