Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин дидори Бушу Путин чун раисони ҷумҳур


Дар Сочӣ раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин охирин бор ба ҳайси раисони ҷумҳур мулоқот карданд.

Шояд Ҷорҷ Буш нахустин раиси ҷумҳури Амрико набошад, ки ба ҳамтои руси худ лақаб мениҳад, аммо лақаби интихобкардаи ӯ барои Владимир Путин эҳтимолан беназир аст. Соли 2002 маҷаллаи амрикоии «Тайм» гузориш дод, ки баъзан Ҷорҷ Буш зимни сӯҳбат бо ёваронаш Владимир Путинро “Пути Пут” ном мебурдааст.

Аммо ин ду раҳбар, ки аввалиро “Техасии зиндадил” ва дуввумиро “Аппаратчики сахтгир” номидаанд, пас аз мулоқоти нахустини худ дар тобистони соли 2001 бо ҳам дӯсти хубе шуданд. Ҷорҷ Буш дар он замон гуфт, ки ба чашмони Путин нигариста ва рӯҳи ӯро дидааст, ки шахсе шоистаи эътимод аст. Кондолиза Райс дар он замон мушовири амниятии Кохи сафед гуфт, дӯстии ҳарду раҳбар ҳамкориҳои Русияву Ғарбро ба ҷое расонд, ки 300 сол боз орзуи онро доштанд.

Аммо ин хушҳолиҳо дер давом накард, чун дар солҳои баъдӣ фазои ҳамкориҳои Русияву Амрико пур аз абрҳои тира шуданд. Ҷанг дар Ироқ, сипари дифоъии Амрико дар Аврупо, ҳимояти Русия аз барномаҳои атомии Эрон, истиқлоли Косово ва вазъи демукросӣ ва озодии баён аз мавзӯъҳои хордори баҳси миёни ду кишвар шуданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Ҷанҷолҳои ҳарду кишвар то ҷое расид, ки соли гузашта раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Амрико аз тамоми хатҳо гузашта ва ҷаҳони якқутба офаридааст.

Аммо бо вуҷуди ин ихтилофоти назар ба гуфтаи Сара Менделсон аз Маркази пажӯҳишҳои стротежӣ ва байнулмилалӣ, тамоюли Ҷорҷ Буш нисбат ба Владимир Путин тағйир наёфт. Тавре ба назар меомад, ки гӯё стротежии Ҷорҷ Буш боз ҳам наздиктар кардани Путин ба худ аст, ҳарчанд вай рӯзномаҳову телевизионҳои мустақил ва интиқодгарро баст, хабарнигорон нопадид шуданд, таҳқиқоти мустақил аз байн рафт, аҳзоби сиёсӣ таҳти таъқиб монданд, қонун оид ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҳдудтар шуд. Ҳамингуна феҳраст дароз аст.

Худи Путин ҳам муносиботи шахсиаш бо Ҷорҷ Бушро таъриф карда ва гуфтааст, ки ин муносибот дар ҳалли баҳсҳои ду кишвар мусоидат намудааст. Аммо дар моҳи ноябри соли гузашта Путин ҳукумати Бушро танқид кард, ки мехоҳад, интихоботи порлумонии Русияро беобру намояд. Майкл Макфаул, мудири маркази масоили демукросӣ, рушд ва волоияти қонун дар Донишгоҳи Стенфорд, мегӯяд, аз муносиботи хусусии Путин ва Буш ҳамкориҳои ду кишвар чандон баҳраи хубе набурдаанд.

Вай меафзояд, қазовати таърихнигорон назар ба Владимир Путин нисбат ба Ҷорҷ Буш сахттар хоҳад буд. Онҳо ба ин собиқа бо ошуфтагӣ назар хоҳад кард. Ва ба меъёрҳое, ки худи Ҷорҷ Буш таъйин кардааст, на касе хориҷ аз дастгоҳи раёсати ҷумҳури ӯ. Худи Ҷорҷ Буш муаллифи “дастури озодӣ” ва ӯ буд, ки дар даҳҳо маротиба дар сухарониҳои солонааш ба мафҳумҳои “озодӣ”, ”демукросӣ” таъкид карда буд. Агар шумо ба саросари ҷаҳон назар андозед, Русия аст, ки аз ҳама бештар аз назари демукросӣ ақиб рафтааст. Ва Ҷорҷ Буш ба таври воқеъӣ ҳеҷ коре ҳам барои ин накард.

Ба гуфтаи Майкл Макфаул, равобити хориҷӣ танҳо бо такя ба равобити хуби хусусӣ буда наметавонад, балки бояд зимни ин равобит аз манофеъи кишвар ҳимоят кард. Ба гуфтаи вай, баъзан ба назар мерасад, ки гӯё ҳадафи сиёсати хориҷии Амрико муносиботи самимӣ ва рафоқат бо президент Путин аст, на аҳдофе, ки барои амрикоиҳо муҳим аст.

XS
SM
MD
LG