Путин ва Бушро дар ин дидор баррасии масоили марбут ба сипари зиддимушакӣ, Косово, Эрон ва ҳамчунин майли Укроину Гурҷистон ба НАТО дар пеш аст. Бо анҷоми як чунин дидор гумон аст, ки мухолифати назарҳои Русияву Амрико аз байн бираванд, - менависад матбуоти байнулмилалӣ, - аммо ҳадафи аслии Буш ва Путин, як андоза ҳамвор кардани мавқеъҳо ва ба истилоҳ, «осон кардани кор» барои ворисонашон аст.
«Қарори Ҷорҷ Буш барои сафар ба Сочӣ ҳатто бархе аз намояндагони Кохи Сафедро ба тааҷҷуб овард», - менависад The Washington Post: маъмулан барои анҷоми сафарҳои хориҷии раиси ҷумҳур ҳафтаҳо ва гоҳе моҳҳо омодагӣ мегиранд. Аммо мулоқоти Сочи барои Буш охирин имкони ҳалли мухолифатҳо бо Русия аст, то замоне ки Путин дар мақоми раёсатҷумҳурӣ қарор дорад. The Washington Post аз қавли Ҷорҷ Буш навиштааст, «Хелеҳо дар Аврупо нафаси озод хоҳанд кашид, агар мо бо Русия сари масъалаи насби сипари зиддимушакӣ ба созиш биёем». Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин қасд дорад, ҳамтои русашро барои эътирофи истиқлолияти Косово ва дастгирии тасмими Тифлису Киев барои узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ моил бикунад, чун ба эҳтимоли қавӣ, Путин дар нишасти НАТО дар Бухарест алайҳи додани мақоми номзад ба Гурҷистону Укроин барои шомил шудан ба ин созмон суханронӣ менамояд.
Укроину Гурҷистон талош бар он доранд, ки дар аснои нишасти моҳи апрелӣ даъвати 26 кишвари узви Паймони Атлантик барои омодагӣ ба узвияти НАТО-ро дарёфт кунанд. Бо вуҷуди мухолифатҳои Кремлин, рӯзи чоршанбе ин кишварҳо дубора эълом доданд, ки аз азми худ даст нахоҳанд кашид, - менависад The Financial Times. Раиси ҷумҳури Укроин Виктор Юшенко баёнияҳои Дмитрий Медведевро дар мавриди таҳдидҳои домангустарии НАТО ба Шарқ радд кард. Ва ҳамзамон вазири хориҷаи Гурҷистон Довуд Бакрадзе, дар нишасте дар Бруксел гуфт, кишвараш шоистаи узвият дар НАТО-ст ва бо мумури замон, ба ин ҳадафи дерини худ хоҳад расид.
Ва аммо Маскав тақрибан мутмаин аст, ки дар нишасти Бухарест, дастболо хоҳад шуд, - таъкид мекунад Financial Times Deutschland. Олмон, Фаронса, Итолиё, Испониё, Ҳуланд, Белжик, Португол ва Люксембург мухолифи тавсеъаи НАТО ҳастанд. Дар натиҷа раисҷумҳури Амрико, ки шадидан ҷонибдори пайвастани Укроину Гурҷистон ба ин ташаккул аст, эҳтимолан мағлуб шавад, ҳаракати НАТО ба сӯйи Шарқ қатъ мешавад, - ин аст хулосаи Financial Times Deutschland.
Дар ҳамин ҳол нашрияи The Times ба ҳусни тафоҳум расидани Буш ва Путин дар масъалаи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупои Марказиро муҳимтар аз нишасти НАТО ва натоиҷи он мехонад. Шореҳони The Times бар ин нуқтаи назаранд, ки таъкидҳои Буш барои бехафв будани пойгоҳҳои зиддимушакии Чеху Лаҳистон ба амнияти Русия, ба Кремлин асар намекунад ва Русия ҳамоно таҳдид мекунад, ки дар муқобил мушакҳои қавитари худро дар рӯ ба рӯи ин пойгоҳҳо мустақар мекунад. Ба навштаи The Times, дар ҳоле ки гуфтушунидҳои вузарои хориҷа ва дифоъи Амрико Кандализа Райс ва Роберт Гейс бо мақомоти Русия бидуни натиҷа анҷом пазируфтанд, умеди охирин ба ҳамин мулоқоти Бушу Путин дар Сочи аст.
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда