Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин "мева"-и таҳримҳо. Фирори 100 миллиард $ аз Русия


Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯяд, фирори сармояҳои азим аз Русия, ин кишварро ба рукуди иқтисодӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Бӯҳрони Украина ва беэътимодӣ ба Русия аз сабабҳои аслии хориҷ шудани сармояҳои бузург аз Русия унвон мешаванд.

Намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Русия Антонио Спилимберго рӯзи 30-уми апрел дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, “Агар мо рукуди иқтисодиро ҳамчун падидаи манфӣ бо як равиш дар ду семоҳа (квартал) мушоҳида кунем, аз он нуқтаи назар Русия дар ҳоли рукуди иқтисодӣ қарор дорад.”

Спилимберго ҳамчунин гуфт, Сандуқи Байналмилии Пул(СБП) пешгӯии рушди иқтисоди Русияро барои соли 2014 аз 1,3 дарсад ба 0,2 дарсад коҳиш дод ва интизор дорад, ки дар давоми сол ҳудудан 100 миллиард доллар аз ин кишвар ба берун биравад.

Ба эътиқоди ин мақоми СБП, таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Маскав дар посух ба бӯҳрони Украина ва тасарруфи Қрим корагар буда, аз ҳоло ба иқтисоди Русия садама ворид кардааст. Спилимберго мегӯяд, шароити душвор, махсусан номуайании авзои геополитикӣ, таҳримҳои пайиҳам ба фазои сармоягузорӣ таъсири бад мегузоранд. “Воҳимаи таҳримҳо, ваҳшатноктар аз худи таҳримот аст,”- гуфт намояндаи Сандуқи Байналмилалии Пул дар Русия.

Ӯ мегӯяд, агарчӣ дар шароити феълӣ, ки таҳаввулоти Украина чанде пеш ҷараён гирифт, дастрасӣ ба нишондодҳои иқтисодии қобили эътимод осон нест, аммо аломатҳои зиёде мавҷуданд, ки сармоягузорӣ, ҳам ба ширкатҳои давлатӣ, ҳам ба хусусӣ ва ҳам ширкатҳои хориҷӣ зарар мебинад.

Путин ва Сечин
Путин ва Сечин
Ахиран Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Игор Сечин, раҳбари ширкати бузурги Русия “Роснефт” ва аз ёрони наздики раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путинро таҳрим кард. Ин таҳримот фаъолияти ширкатҳои ғарбӣ бо сармоягузориҳои муҳим, амсоли ширкати BP ва Exxon - ро печида мекунад. BP, Exxon ва ширкатҳои дигар ҳанӯз метавонанд бо “Роснефт” кор кунанд ва газу нафт тавлид кунанд. Вале агар таҳримот алайҳи Сечин муқаддимаи ҷорӣ кардани таҳримоти қавитар алайҳи “Роснефт” бошад, дар ин сурат ширкатҳои ғарбӣ маҷбуранд, ҳамкорӣ бо Русияро қатъ кунанд, ё мутаваққиф созанд ва аз баъзе тарҳҳои бузурги истихроҷи нафт даст бикашанд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 29-уми апрел ҳушдор дод, ки ширкатҳои ғарбӣ бинобар таҳримоти Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар ниҳояти амр аз бозори энержии Русия маҳрум мешаванд.
XS
SM
MD
LG