Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парламенти Чех раисҷумҳур интихоб мекунад


Имрӯз дар Парламенти Ҷумҳурии Чех даври дуюми интихоботи президентӣ доир мешавад ва дар ин давр бар иловаи ду номзади даври пеш: президенти кунунӣ Ватслав Клаус ва профессори донишгоҳи Мичиган Ян Швейнар боз номзад аз ҳизби коммунист хонум Яна Бобошикова сабқат мекунад. Барои пирӯзии комили номзад пуштибонии аз байни 200 нафар пуштибонии ҳадди ақалл 140 вакил лозим аст. Ҳафтаи гузашта дар даври аввали раъйдиҳӣ Клаус 139 раъй касб карда буд.
XS
SM
MD
LG