Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин тавзеҳи расмии қазияи Рашт


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар бастагӣ ба қазияи Рашт баёнияи расмӣ нашр кард. Тафсилоти ин баёния ва вокуниши Мирзохуҷа Аҳмадов ба он.

Бо гузашти чанд рӯз аз ҳодисаи даргирӣ миёни мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Рашт, ки дар пайи он фармондеҳи ОМОН-и Вазорати умури дохила Олег Захарченко кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд, ин Вазорат баёнияи расмӣ нашр ва исми нафарони муттаҳам дар ин қазияро эълом кард. Баёнияи мазкур ҳокӣ аз он аст, ки ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони Раёсати марказии мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил (УБОП) ва гурӯҳи зудамали таъиноти махсус (ОМОН) аз сӯйи тобеъони сарвари бахши раштии УБОП Мирзохӯҷа Аҳмадов сурат гирифтааст. Дар миёни ширкатдорони ин даргирӣ сокинони навоҳии Тоҷикободу Рашт Иброҳимов, Асоев ва Давлатов ном гирифта мешаванд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохила, мегӯяд: «2-юми феврали соли 2007 гурӯҳи кории ВКД таҳти раёсати Раҷабалӣ Маҳмадалиев, сарвари УБОП ва Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН, барои гузаронидани машварати фаврӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти шӯъбачаи минтақаии раёсати мубориза алайҳи ҷноёти муташаккил дар водии Рашт ба маркази ин ноҳия омаданд. Зимни фаромадан аз сабукравҳо ин гурӯҳи корӣ мавриди ҳамлаи мусалаҳона қарор гирифтанд, ки дар натиҷа сарҳанг Захарченко ҳалок ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳадафи ин гурӯҳ танҳо ширкат дар ҷаласаи солонаи УБОП-и Рашт буд».

Сухангӯи Вазорати умури дохила Ҷалолиддин Садриддинов сару садоҳои мавҷудро дар мавриди ин ки гӯё гурӯҳи фиристодаи вазорат ба Рашт бо ҳадафи боздошти Мирзохӯҷа Аҳмадов вориди УБОП-и маҳаллӣ шудааст, бепоя хонд.

Ин дар ҳолест, ки худи Мирзохӯҷа Аҳмадов, сарвари УБОП-и минтақаи Рашт, мегӯяд, 2-юми феврал як гурӯҳи мусаллаҳ, ки барояш номаълум буд, бидуни огаҳии қаблӣ бинои кории ӯро забт кардаанд ва ӯ намедонист, ки ин фиристодаҳои Вазорати дохила аст:

"Мо хабар ёфтем, ки дар ҳудуди ноҳияи Рашт се сабукрави «Уазик»-и мусаллаҳ ворид шуд. Мо дар маҷлисгоҳ нишаста будем, ки ба муовини сардори УБОП-и марказӣ, ки қаблан дар Рашт буд, занг заданд ва вай гуфт: «Можно зайти?» Мо, ки дар назди тиреза менишастем, дидем, ки як гурӯҳи мусаллаҳ аз сабукравҳо берун шуданд ва гуфтанд: «Таслим шавед!» ва тир кушоданд ба сӯйи мо. Мо, ки ҳамроҳ бо бачаҳо менишастем, ҳайрон шудем ва гуфтем «тез яроқҳоро гиред, ки кадом гурӯҳе ба мо ҳамла мекунанд!"

Вазорати корҳои дохила дар баёнияи худ таъкид мекунад, ки сарҳанги 50-сола Мирзохӯҷа Аҳмадов дар солҳои ҷанги ҳамватанӣ узви Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин будааст ва новобаста ба содир кардани ҷиноёти сангин дар он замон, бо тасвиби Созишномаи истиқрори сулҳ мавриди афви умум қарор гирифтааст. Ӯ сар аз соли 2002-юм раёсати УБОП дар водии Раштро бар ӯҳда доштааст. Аммо Вазорати дохила Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар бемасъулиятӣ муттаҳам мекунад, чун вай дар тобеъияти худ нафаронеро нигаҳ медоштааст, ки даҳҳо ҷиноят кори дасти онҳо будааст.

Дар баёнияи Вазорати дохила гуфта намешавад, ки оё гумонбарони даргирии мусаллаҳона дар ноҳияи Рашт боздошт шудаанд ё хайр? Як масъули Раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккили ин Вазорат гуфт, ҳанӯз ҳеҷ нафаре аз муттаҳамини қазияи Рашт мавриди боздошт қарор нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Мирзохӯҷа Аҳмадов овозаҳо ва хабари бархе аз расонаҳо дар мавриди фирорашро рад кард ва гуфт, ба ҳеҷ ҷо фирор карданӣ ҳам нест. Ӯ гуфт, дар дафтари корияш қарор дорад, бо вазири умури дохила ва ҷонишини ӯ суҳбатҳо доштааст ва мехоҳад, ки сабаби ҳамла тавзеҳ дода шавад. Навори сӯҳбати комили ҷаноби Аҳмадов ин ҷост.

Вазорати корҳои дохила ҳамчунин иттилоъи нашркардаи ҳаракати мавсум ба «Ватандор» дар бораи эҳтимоли вуруди нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ ба Рашт ва шурӯъи ҷанги нави шаҳрвандиро такзиб мекунад. Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки «суистифода аз қазияи рухдода дар ноҳияи Рашт ба ҳадафи ҷудоиандозӣ ва ташдиди авзоъ дар кишвар, чизе беш аз иғвобарангезии чанд нафари алоқаманд нест».

Дар баёнияи Вазорати дохила таъкид шудааст, ки дар робита ба қазияи 2-юми феврали Рашт парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҳоли ҳозир, гурӯҳи махсуси ин вазорат ҳамроҳ бо додситонии ноҳияи Рашт дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса мебошанд.

XS
SM
MD
LG