Полковник Мирзохоҷа Аҳмадов, сардори Шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил дар Рашт бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи эъзомӣ аз Раёсати алайҳи ҷиноёти муташаккил ва гурӯҳи таъиноти махсуси ВУД бидуни кадом огоҳии қаблӣ бинои шӯъбаи раштиро ба муҳосира гирифта, онҳоро ба таслим шудан даъват кардаанд.
Дар лаҳазоте, ки ин ҳодиса рух медодааст, ба гуфтаи ҷаноби Аҳмадов, ҷамъбасти яксолаи кори ин шӯъба ва натиҷаҳои якмоҳаи фаъолияти имсолаи онҳо бо ширкати муовини сардори раёсати алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта полковник Назрибеков ва сардори қисми навбатдории он Абдуллоев, ки як рӯзи пеш ба Рашт омада буданд, ҷараён доштааст.
Полковник Аҳмадов гуфт, пас аз он ки милисаҳои раштӣ аз таслим шудан сарпечӣ кардаанд, тирпарронӣ шурӯъ шудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, тирпарронӣ 30-40 дақиқа давом кардааст. Сипас гурӯҳи аз Душанбе омада, муҳосираро қатъ ва маҳалли ҳодисаро тарк кардааст.
Полковник Аҳмадов дар мавриди қурбониёни ин ҳодиса изҳори беиттилоӣ кард, вале як афсари ин шӯъба гуфт, дар натиҷаи ин рӯёрӯӣ, сарвари гурӯҳи зудамали таъиноти махсуси кишвар (ОМОН) кушта шуда ва се нафари дигар аз ин гурӯҳи эъзомӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамзамон, ҷароҳат бардоштани як нафар аз шӯъбаи алайҳи ҷиноёти муташаккили Рашт низ таъйид шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Худойназар Асозода, сарвари дафтари матбуоти Вазорати умури дохила дар як тамоси телефонӣ аз ин ҳодиса изҳори беиттилоъӣ кард. Як афсари баландрутбаи шуъбаи корҳои дохила дар Рашт низ ба хабарнигори минтақавии Радиои Озодӣ гуфт, аз рух додани чунин воқеа хабар надорад.
Ҳодисаи имрӯза ба ҳолати равонии мардум низ бетаъсир намонда, ба гуфтаи бархе аз сокинони шаҳраки Ғарм мардумро тарсу воҳима фаро гирифта буд.
Шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноёти муташакил дар водии Рашт пас аз имзои Созишномаи сулҳ таъсис ёфта, умдатан аъзои онро собиқ размандагони нерӯҳои мухолифин ташкил медодаанд. Ин шӯъба дар ибтидо наздик ба 60 корманд ва айни замон пас аз ихтисор дар соли гузашта ҳафт корманд доштааст.
Чони гапа гуфти.
Ман намефахмам барои чи ЧТ ба Ирон хисси бадбини ва хархел тўхматхо мекунад. Якум Ирон буд ки истиклолияти ЧТро шинохта буд. Чаро киргизхову хитойихои аждахорро танкид намекунад. Охир тичораташон хамааш тарики хитою киргизтўн хаст
Yagona payomi oshkor in ast ki bar sari qudrat omadani demokratho dar Simon Biden, dar dunyo jang, va sukhan dar borai jang oghoz meshavad.
То даме,ки русия хаст,намемонад,ки давлатхои форсхову, давлатхои туркхо якчоя шаванд!!!русия бо тамоми кувааш мубориза мебарад. Мо холохам мустамликаи русхо хастем.Истиклолият НЕСТ !!!
Амрико ва НАТО шикасти худро дар Афгонистон эътироф карданд. Созиши Амрико бо Толибон дар бораи хуручи нерухои Амрико исботи ии иддао аст. Бе кайду шарти иловаги Афгонистонро тарк мекунанд. Афгонхо бояд такдири мамлакати худро ба дасти худ бигиранд.