Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи кушташудаи ОМОН-ро ба хок супурданд


Олег Захарченко, сарвари ОМОН-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки 2 феврал дар Рашт ба ҳалокат расид, дар Душанбе ба хок супурда шуд.

Ҳокии ин хабар, навбатдори Вазорати умури дохила дар тамоси телефонӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ аз додани иттилоои бештар дар мавриди қазияи дирӯза дар шаҳраки Ғарм худдорӣ кард.

Зӯҳри дирӯз, дувуми феврал дар шаҳраки Ғарм миёни як гурӯҳ аз Раёсати марказии мубориза алайҳи ҷиноёти муташаккил (УБОП), гурӯҳи зудамали таъиноти махсус (ОМОН) ва бахши раштии УБОП даргирии мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ин даргирӣ дар баробари захмӣ шудани чаҳор нафар, фармондеҳи ОМОН-и кишвар Олег Захарченко кушта шуд.

Мақомоти расмӣ ҳанӯз дар мавриди чигунагии қазия ва сабабҳои эъзоми гурӯҳи вижа аз Душанбе ба Рашт тавзеҳе надодаанд.

Олег Захарченко аз моҳи марти соли 1997 раҳбарии ОМОН-и Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Дар боздошт ва безараргардонии як силсила гурӯҳҳо иштирок карда буд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Озодӣ дар водии Рашт мегӯяд, мардум, ки аз ҳодисаи дируза ба тарсу ваҳм афтода буданд, имрӯз дуконҳову бозорҳоро боз карда ва зиндагӣ ба мароми пештарааш идома дорад.

XS
SM
MD
LG