Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров ба водии Рашт рафт


Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон субҳи рӯзи душанбе озими водии Рашт дар шарқи кишвар шудааст. Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт то поёни ин ҳафта идома хоҳад дошт. Ҳадафи асосии дидори раиси парлумони Тоҷикистон аз минтақа, шарҳу баёни нуқтаҳои паёми раиси ҷумҳур ба парлумон дониста мешавад, ки рӯзи 20-уми апрел ироа шуда буд. Қарор аст дар ҷараёни сафари худ, Шукурҷон Зуҳуров бо ҳолати иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа ошноӣ пайдо карда роҳҳои беҳбуди зиндагии мардумро бо мақомоти маҳаллӣ баррасӣ намояд.
XS
SM
MD
LG