Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико даст ба кор шуданд


Амрико аз ин ҳавопаймоҳо дар Афғонистон низ истифода мекунад
Амрико аз ин ҳавопаймоҳо дар Афғонистон низ истифода мекунад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа бори нахуст дар амалиёти ҳавоӣ дар Либия аз ҳавопаймои бесарнишин истифодa кард. Вазорати дифоъи Амрико дар ин бора иттилоъ дод, вале ҷузъиёте ироа накард. Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ пештар гуфтаaст, ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки ҳамлаҳои нишонрас мекунанд, дар ҷангҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ муносибанд. Айни замон ҷангҳо дар шаҳри Мисротаи Либия миёни нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ ва шӯришиён идома дорад. Рӯзи ҷумъа дар ин набардҳо, дасти кам 10 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд, агарчӣ гуфта мешуд, ки нерӯҳои давлатӣ аз шаҳр хориҷ мешаванд. Холиқ Қоим, муовини вазири умури хориҷаи Либия, гуфт, агар сарбозони давлат натавонанд, мушкилро дар Мисрота ҳал кунанд, нерӯҳои қабилаҳо алайҳи шӯришиён даст ба кор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG