Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали покистонӣ: "Камари террористонро шикастем"


Фармондеҳи артиши Покистон имрӯз гуфт, онҳо камари тундравони шарики Ал-Қоида ва Толибонро дар ин кишвар шикастаанд. Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, дар суханроние дар як академияи низомӣ, гуфт, “камари террористҳоро шикастем ва Иншоолооҳ ба зудӣ пирӯз хоҳем шуд”. Ин баёнияи Каёнӣ ба думболи интиқодоти Амрико садо дод, ки мегӯяд, артиши Покистон барои маҳви тундгароён ба қадри кофӣ саъй намекунад. Ҳукумати Амрико ин ҳафта гуфт, Покистон барномаи қавие барои мубориза бо ситезаҷӯён надорад ва хадамоти ҷосусиаш ҳам ба Толибон дар Афғонистон кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG