Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юкиа Амано: "Барқи атомӣ камарзиш нахоҳад шуд"


Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, дар маҳалли фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гуфт, фалокат дар нерӯгоҳи атомии Ҷопон арзиши нерӯи ҳастаиро кам нахоҳад кард. Юкиа Аманоро дар боздидаш аз маҳалли бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ҳамроҳӣ мекарданд. Юкиа Амано гуфт, нерӯи атомӣ ҳамчунон як манбаъи муҳими дарёфти энержӣ боқӣ мемонад, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои амнияти нерӯгоҳҳои атомӣ ҳар кори мумкинро анҷом диҳад. Ҳафтаи оянда рӯзи 26 апрел, аз фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил 25 сол мегузарад, ки соли 1986 ба вуқӯъ пайваст. ва дар остонаи он кишварҳои донор ваъда доданд, ки барои бунёди сипари нави муҳофизатӣ дар Чернобил 780 миллион доллар кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG