Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи Яманро баррасӣ кард, аммо ...


Шӯрои Амнияти Созмони Милал бӯҳрони Яманро дар як нишасти паси дарҳои баста баррасӣ кард, аммо бар сари баёнияи муштарак дар мавриди вазъ ба созиш нарасид. Олмон ва Лубнон, ду узви ғайридоимии Шӯрои Амният аз миёни 15 аъзо талош кардаанд, то баёния қабул шавад, аммо Русия ва Чин монеъи ин ташаббуси онҳо шудаанд. Зимни баргузории нишаст дар рӯзи сешанбе гузориш шуд, ки маъмурони амниятии Яман дигарбора ба рӯи тазоҳургарони зиддидавлатӣ тир андохта ва се нафари онҳоро куштанд. Дар тазоҳуротҳои ду моҳи ахир бо талаби хотима додан ба ҳукмронии сисолаи Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман то кунун 130 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG