Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз гузориши солонааш дар бораи вазъи иқтисодии кишварро ба Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумон, ироа хоҳад кард. Ин охирин гузориши Путин дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи декабри соли ҷор] ва интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Русия хоҳад буд. Интизор меравад, Путин дар паёмаш барномаи масрафоти давлат дар пасманзари миллиардsj доллар фоида аз фурӯши нафтро, ки ба Русия сарозер мешаванд, эълон кунад. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, гуфтааст, сарвазир дар Дума қасдаш барои ширкат дар интихоботи соли оянда ба хотири бозгашт ба мақоми президентиро эълон нахоҳад кард. Путин гуфтааст, ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки оё кадоми онҳо - ё ворисаш Дмитрий Медведев - ба ин интихобот хоҳанд рафт.