Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парванда алайҳи писари раиси Додгоҳи олӣ


Нусратулло Абдуллоев
Бино ба хабарҳо, алайҳи Фарҳод Абдуллоев, фарзанди 25-солаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев, ба далели садамаи нақлиётие, ки мунҷар ба ҳалокати як шаҳрванди Чин шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, таҳқиқи ин қазияро додситонӣ бар ӯҳда дорад. Гуфта мешавад, мошини БМВ Х6-и Фарҳод Абдуллоев соати 23 шаби 12 апрел дар яке аз ҷодаҳои Душанбе шаҳрванди 46-солаи Чин Люг Жеунро зер кардааст. Ин хонум дар Тоҷикистон барои як ширкати роҳсозии Чин кор мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG