Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google, MSN ва Yahoo: Бархӯрди азаматҳо


Ширкати интернетии Google гуфт, ки талоши ширкати Microsoft барои харидории ширкати рақиби Yahoo як иқдоми мушкилзо хоҳад буд.

Ширкати бузургтарини компютерӣ Microsoft ахиран гуфтааст, ки мехоҳад бо қимати ҳудудан 45 миллиард доллар ширкати Yahoo-ро харидорӣ кунад.

Изҳороти мақомоти ширкати бузургтарини арзакунандаи хадамоти компютерӣ Microsoft охири ҳафтаи гузашта баъзе гурӯҳҳои шомили ин бизнесро ошуфтаҳол кард. Ин ширкат бо пахши изҳороте гуфт, ки ният дорад Yahoo-ро, ки чун як манбаи ҷустуҷӯи интернетӣ амал мекунад, харидорӣ кунад. Microsoft мегӯяд, ки муттаҳидсозии ду ширкат боиси беҳтар шудани мизони рақобат бо Google мешавад. Ширкати Yahoo гуфтааст, ки пешниҳоди Microsoft-ро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Дар посух ахиран Ширкати интернетии Google гуфт, чунин иқдом боиси бузургтар шудани бозори Microsoft ва монополияи ин ришта хоҳад шуд ва ба рақобати солим латма хоҳад зад. Масъулини Google, ки шадидан мухолифи чунин барномаҳо ҳастанд, мегӯянд, ки амали Microsoft чизе бештар аз танҳо як иқдоми оддии иқтисодӣ аст. Ин ҷо сухан аз вайрон шудани принсипи аслии фаъолияти Интернет - яъне боз будани он меравад. Дейвид Драммонд, як мақоми баландпояи Google гуфтааст, ки Microsoft талош дорад, аз болои Интернет нуфузи бемаврид ҷорӣ кунад. Ӯ афзуд, ки шабакаи Интернет манбаест, ки навовариҳои қобили рақобатро мепазирад ва аммо иқдоми ахири Microsoft талошест барои эҷоди монополия ба хотири тавсеаи нуфузаш дар ин бозор.

Нино Таска, раиси бахши фанновариҳои интернетӣ дар радиои Озодӣ дар ин замина ба барномаи Ояндасоз гуфт, ҳам ширкати Microsoft ва ҳам Yahoo, бо вуҷуди ҷавон буданашон дар бозори нармафзорҳо, ҳазорҳо ҳазор корманд дошта, аз муҳимтарин хадамоти интернетие маҳсуб меёбанд, ки хадамоти ҷустуҷӯйӣ ва таблиғоти интернетиро ироа мекунанд. Ва ҳоло фурсати рушду тавсеаи онҳо пеш омада, ба онҳо имконияти ишғоли мавқеи дуюм дар ин соҳаро дар баробари ширкати Google фароҳам овардааст. Нино Таска афзуд:

"Вақте шумо компютерро ба даст меоред, дар дохили он аллакай барномаи Windows насб шудааст. Ва ҳамакнун, дар дохили компютери шумо дар бахши ҷустуҷӯ маводи ҳарду ширкат - Microsoft ва Yahoo ҷо хоҳад ёфт. Ҳоло шояд хадамоти Google дар ҷустуҷӯ беҳтар бошад, аммо акнун шояд мардум аз он даст хоҳанд кашид".

Ва акнун, ба қавли Нино, Windows бо истифода аз чунин имконияти пешомада, кулли хадамоти дигари интернетиро мисли ҷустуҷӯ, таблиғот, мессенҷер, чат ва ғайраро худ ба роҳ мемонад ва ба бозори Google зарба хоҳад зад. Аммо барои корбарони маъмулии компюеру интернет оё чунин ҳамоиши ду ширкати бузург чӣ паёмадҳо хоҳад дошт. Нино Таска гуфт:

"Ба назари ман, барои корбарони оддӣ ин ҳамоиш ҳеҷ паёмади номақбул нахоҳад дошт. Шумо ҳанӯз ҳам имконияти истифодаи Google-ро хоҳед дошт. Хушбахтона, одамони бисёр оқил ҳам дар Microsoft ва ҳам дар Yahoo кор мекунанд ва бо талоши муттаҳидаи онҳо дар Интернет навовариҳои зиёдро интизор бояд шуд ва ҳамаи мо аз он истифода хоҳем кард".

Тавре мутахассион мегӯянд, муттаҳидшавии ду ширкати бузурги арзакунандаи хадамоти интернетӣ дар рӯзҳои наздик сурат намегирад, барои анҷоми ҳама расмиятҳои ҳуқуқӣ вақт лозим аст. Аммо мусаллам ин аст ки ҳамакнун, ҳар ду рақиб барои пешрафти моли худ дар бозори интернетӣ талоши бештар ба харҷ хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG