Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Компютери саддоллара ба Тоҷикистон кай мерасад?


Соле пеш донишмандони амрикоӣ лептоп ё компютери нави кӯдаконаро бо арзиши 100 доллар муаррифӣ карданд, ки он махсус барои атфоли кишварҳои нодор сохта шудааст. Дабири вақти СММ Кофӣ Анон аз ин ташаббусе бо исми "Як лептоп барои ҳар кӯдак" ситоиш ва онро чун баёни ҳамраъии ҷаҳонӣ тавсиф кард.

Дар як сӯҳбате, ки ахиран радиои Фардо бо Самюэл Клейн, яке аз масъулони созмони тавлидкунандаи компютерҳои арзон дошт, оид ба ҷараёни иҷрои ин барнома суол кард. Оқои Клейн гуфт, ки кӯдакони Бразилияву Тайланд аввалин корбарони ин "мошини сабз" хоҳанд буд. Воқеан ба хотири ранги ин компютер исми онро чун мошини сабз ёд мекунанд.

Самюэл Клейн мегӯяд, ки ҳадафи аслии тавлид ва тақсими ин компютерҳо дар саросари ҷаҳон мусоидат ба боло бурдани сатҳи маълумотнокии кӯдакон ва таъсиси шабакаи иртиботии миёни ҳамсолонашон дар саросари ҷаҳон будааст.

"Ҳадафи барнома тақсим ва нашри лептопҳо дар миёни кӯдакони кишварҳои дар ҳоли рушд аст. Ҳадаф - кӯмак барои пешбурди маърифат дар ин нуқоти ҷаҳон ва фароҳам овардани василаҳои иртиботии миёни кӯдакон ба хотири бунёди захираҳои иттилоотии мактабиён тавассути ҳамслонашон дар ҷаҳон аст. Инчунин ҳадаф ин аст, ки омӯзгорон тавонанд миёни худ иртибот барқарор карда шабакаҳои эҷодии худро барпо кунанд. Нақши ман дар ин барнома раҳбарӣ бар мӯҳтавои кор аст. Ман аз охири тобистони соли 2006 ба ин барнома ҷалб шудам ва аз ин хотир, манфиатдор ҳастам, ки ин барнома рушду тавсеа ёфта ба мактабҳо таъсири мусбат расонад"

Оқои Клейн гуфт, ки барои пешбурди ин лоиҳа чандин созмонҳо шарик ҳастанд, аз ҷумла шабакаҳои компютериву интернетии Google!, EBay, Marvell, SCS ва дафтари рушди СММ. Ниҳоятан, барои харидориву тақсими компютерҳо дар мактабҳо - ҳукуматҳо мусоидат мекунанд. Корбарони ин компютерҳо, тибқи барнома, атфоли кӯдакистонҳову мактабҳои миёна будаанд. Ба саволи оид ба хусусиёти ҷазбманди компютер барои кӯдакон Самеюэл Клейн чунин посух дод:

"Ҳар як ҷузви компютер бо назардошти фикри кӯдак сохта шудааст. Онҳо рангаву ҷазбманданд, сохтори компютер нарм асту кӯдакро осеб намерасонад. Дар айни замон он зудшикан нест ва умри дароз хоҳад дид. Компютерҳо тавре сохта шудаанд, ки миёни ҳам пайваст мешаванд ва чунин иртибот миёни ҳамаи компютерҳо мавҷуд аст. Он ба чашм ғайриоддӣ наменамояд. Ҳолати он хеле маъмулӣ аст ва барои иҷрои ҳама гуна корҳо мувофиқат мекунад. Ҳар коре, ки анҷом бидиҳед - навиштан, кашидан ва ё пахши мусиқӣ - бидонед, ки касе аз ҷои дигар кори шуморо назорат мекунад ва дар як он метавонад ба компютери шумо ҳамроҳ шуда айнан ҳамин корро иҷро кунад"

Дар моҳҳои наздик ба компютерҳои мазкур Аргентина, Бразилия, Нигерия ва Либия дастрасӣ хоҳанд дошт. Ҳоло кӯдакони Тайланд аз ин компютерҳо баҳра мебаранд.

Дар Тоҷикистон чандин соли пеш раиси ҷумҳурӣ эълон кард, ки аз ҳисоби хазинаи захиравии худ ба мактабҳои саросари кишвар ба таври ройгон компютерҳо тақсим хоҳанд шуд. Мақомоти маориф мегӯянд, ки қариб ҳамаи нуқоти Тоҷикистон ба компютерҳо дастрасӣ доранд. Аммо дар сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз" баъзе мактабиёни Душанбе гуфтанд, ки дар аксар ҳолатҳо шумори ин компютерҳо кофӣ набуда ва ё баъзан ба мактабҳо компютерҳои ноқисро ворид мекунанд.
XS
SM
MD
LG