Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуруфи ягонаи тоҷикӣ дар компютер? Кай?


Манижа Пӯлодова, як ҷавондухтари 19-солаи тоҷик, гуфтааст, ки омодааст барномаи истифодаи суҳбати ҳамзамони интернетӣ «Скайп Ҷейм» (Skype Gaim)-ро бо забони тоҷикӣ тарҷума кунад.

Барномаи тоҷикии компютер ғолибан барои муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ва ва умуман ҳамаи истифодабарони тоҷикзабон лозим аст.

Ин барнома шабеҳи барномаҳои суҳбатҳои интернетии «Яҳу мессенҷер», «Ҳотмейл мсн», «Майл.ру», «Агент» ва амсоли инҳо аст, ки ба ҷавонон имкони мустақиман бо дигарон суҳбат карданро фароҳам меовардааст. Манижа Пӯлодова мегӯяд, ки чун бисёре аз ҷавонони деҳот забонҳои русӣ ва инглисиро хуб балад нестанд, ҳол онки барномаҳои корбурди компютеру Интернет аслан бо ҳамин забонҳо роҳандозӣ шудаанд: «Барои ҳалли ин мушкил феълан аст, ки ин барномаҳоро ба тоҷикӣ тарҷума кунем. Аммо дар шароити имрӯз мо тарҷумаи дақиқи истилоҳоти компютериву интернетӣ ниҳоят душвор аст, чунки як калимаро, масалан, дар ҳар маврид чанд хел тарҷума мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ин калимаҳо ба баъзе аз барномаҳои компютерӣ ворид шуданд, ки аслан номумкин аст».

Дар ҳамин замина барномасозони тоҷик нийят доранд, ки тавассути комилан ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ кардани корбарии системаҳои омили «Линукс», ки бар асоси он барномаҳои хурдтар метавонанд роҳат вориди компютер шаванд, ин мушкили фанниро рафъ созанд.

Алҳол як гуруҳи мутахасисон дар садади онанд, ки истилоҳҳои компютериро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд, аммо чунин ба назар мерасад, ки тарҷумаи аксари истилоҳҳо ба меъёрҳои забони тоҷикӣ ҷавобгӯ набуда, комилан маънии дигарро ифода мекунанд. Барои мисол истилоҳи «databаse» - «базаи додаҳо», «Select All» - «интихоби ҳама», «Hyperlink» - «гиперҳавола» тарҷума шудаанд, ки саҳеҳ нестанд.

Файзулло Комилов, устоди донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат, бар ин ақидааст, ки кумаки мутахассисони забони тоҷикӣ барои тарҷумаи дурусти истилоҳоти ин соҳа ҳатмӣ аст: «Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем ва бояд тарҷумаи ин истилоҳот ба забони мо наздик бошад. Вагарна хандаовар мешаванд».

Дар ҳоле, ки роҳҳои тарҷума кардани истилоҳҳои фаннии интернетиву компютерӣ рӯи даст гирифта шудааст, мушкили аслии истифодабарони тоҷикзабон набуди мавҷудияти хатти ягонаи ин соҳа ба забони тоҷикӣ боқӣ мемонад.

То ҳол дар компютерҳо ҳудуди 20 намуди хатти тоҷикӣ мавриди истифода қарор дорад, вале ҳеҷ яке аз онҳо ҳамчун меъёри воҳиди хаттӣ муқаррар нашудааст.
XS
SM
MD
LG