Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Романо Продӣ


Романо Продӣ, сарвазири Италия ба истеъфо рафт. Раиси кобинаи вазирон ин тасмимро баъди он гирифт, ки Сенат – палатаи болоии порлумони Италия ба ҳукумати ӯ нобоварӣ изҳор кард. Акнун ҳама аъзои ҳукумат низ бояд ба истеъфо раванд.

Романо Продӣ барои раӣъйдиҳӣ оид ба эътимод ба ҳукумат дар Сенат дар ҳоле пофишорӣ мекард, ки бисёриҳо ба ӯ тавсия медоданд аз ин иқдом кор нагирад. Раисиҷумҳур Ҷорҷио Наполитано низ дар мулоқот бо ӯ тавсия дод, ки аз баррасии мавзӯъи эътимод ба ҳукумат дар Сенат худдорӣ варзад.

Акнун Ҷорҷио Наполитано метавонад интихоботи нави порлумониро эълон кунад ва ё ба Продӣ таъсиси ҳукумати давраи гузаришро пешниҳод намояд.

XS
SM
MD
LG